Имлои нави забони тоҷикӣ бо 107 тағйирот то охири моҳ тасдиқ мешавад

Дар Тоҷикистон имлои нави забони тоҷикӣ то охири моҳи феврал аз сӯйи Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ мешавад. Ин нуктаро Олимҷон Муҳаммадҷонзода, имрӯз, дар нишасти хабарӣ ба хабарнигорон гуфт. Ба гуфтаи раиси Кумита  дар имлои нав 107 тағйирот ворид шудааст. Раиси кумита мегӯяд, ки онҳо лоиҳаи нави Қоидаҳои имлои забони тоҷикиро барои тасдиқ ба Ҳукумати Тоҷикистон ирсол […]

Дар Тоҷикистон имлои нави забони тоҷикӣ то охири моҳи феврал аз сӯйи Ҳукумати Тоҷикистон тасдиқ мешавад. Ин нуктаро Олимҷон Муҳаммадҷонзода, имрӯз, дар нишасти хабарӣ ба хабарнигорон гуфт. Ба гуфтаи раиси Кумита  дар имлои нав 107 тағйирот ворид шудааст.

Раиси кумита мегӯяд, ки онҳо лоиҳаи нави Қоидаҳои имлои забони тоҷикиро барои тасдиқ ба Ҳукумати Тоҷикистон ирсол кардаанд, ки қарор аст то охири моҳ тасдиқ шавад.

Дар қоидаҳои имлои нави забони тоҷикӣ 107 тағйирот ворид шудааст. Ҳамчунин тарзи дурусти навиштани вожаҳои иқтибосӣ ва ҳарфҳои алифбои русии ц, щ, ы ва ғайраҳо низ пешниҳод шудааст. Ҳамчунин дар ин қоидаҳо бори аввал тарзи навиштани номи кишварҳои хориҷӣ низ пешниҳод шудааст, мегӯяд раиси Кумита.

Имлои забони тоҷикӣ баъд аз тағйири алифбо дар солҳои 1929 ва 1941-и асри гузашта ҳамеша мавриди баҳси  забоншиносон ва ҷомеа будааст. Дар даврони истиқлоли Тоҷикистон ҳам ду бор – солҳои 1998 ва 2011 қоидаҳои нави имло тасдиқ шудаанд, вале ҳамоно баҳсҳо бар сари он давом дорад. 

Олимҷон Муҳаммадҷонзода аз ироаи ҷузъиёти  тағйироти воридшуда ба имлои забони тоҷикӣ худдорӣ кард ва гуфт, ки пас аз тасдиқ онро дар расонаҳо нашр мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс, ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед. 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.