Дар Душанбе дар куҷо метавон расонидани ёрии аввали тиббиро омӯхт?

Ҷамшед Хусаинов, Asia-Plus

Имрӯз дар Тоҷикистон ва кишварҳои ИДМ Рӯзи корманди “Ёрии таъҷилӣ” ҷашн гирифта мешавад. 28 апрели соли 1898 дар Русия аввалини хадамоти ёрии таъҷилии тиббӣ таъсис дода шуд. Ва аз ҳамон замон инҷониб он як таркиби ҷудонашавандаи ҳаёти маъмулӣ гардид.

Лекин агар барои наҷоти ҳаёти шахс дақиқаҳо башумор нақши ҳалкунанда дошта бошанду “ёрии таъҷилӣ” саривақт нарасад? Тасмим гирифтем, ки дар бораи муассисаҳое маълумот ҷамъоварӣ намоем, ки дар онҳо метавон чӣ тавр мустақилона расонидани ёрии аввали тиббиро омӯхт.

Маркази таълимии «Ситора»

Дафтари кории ташкилот дар ошёнаи 5-уми маҷмааи савдои “София”, воқеъ дар паҳлӯи пули каме дуртар аз автовокзал ҷойгир аст. Машғулиятҳо танҳо барои занону духтарон дар рӯзҳои корӣ муддати 3 моҳ гузаронида мешавад.

Бо хатми курси омӯзишӣ сертификат (гувоҳнома) дода мешавад.

Арзиш – 2000 сомонӣ барои тамоми давраи курс. Барои номнавис шудан ба телефонҳои зерин занг занед: 555-04-50-50,  901-00-11-10.

Курсҳои назди Донишгоҳи тиббӣ

Дар Донишгоҳи тиббии кишвар ҷавонони ташаббускоре таҳсил мекунанд, ки оид ба расонидани кумаки аввали тиббӣ тренингҳо гузаронидаанд.

Айни замон гурӯҳҳо ҳоло ташкил нашуда, бо номнавис шудани шумори кофии одамон – аз 10 нафар ва зиёдтар аз он машғулиятҳо оғоз мегарданд. Давраи омӯзиш ҳадди ақалл аз 8 тренинг иборат аст.

Арзиши як тренинг – 100 сомонӣ аз гурӯҳ. Барои пешакӣ номнавис шудан ба телефон бо рақами зерин занг занед: 98-750-19-98

Курсҳои назди Беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ”

Беморхонаи “Ёрии таъҷилӣ” воқеъ дар кӯчаи Айнӣ барои хоҳишмандоне, ки тарзи расонидани ёрии аввали тиббиро омӯхтанианд, курсҳои омӯзишӣ мегузаронад.

Машғулиятҳо пас аз пурра интихобу ташкил шудани гурӯҳ оғоз мегарданд. Муҳлати омӯзиш – 15 рӯз.

Нархи курсҳо – 150 сомонӣ. Барои пешакӣ номнавис шудан ба телефон бо рақами зерин занг занед: 98-836-33-63

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.