Мулоқоти раисони вилоятҳои Суғду Бодканд: аз пешгирии сохтмонҳо то умедвории боз шудани рафтуомад

Раисони вилояти Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон бар пайи афзоиши танишҳои ахири марзӣ мулоқот кардаанд. Ин мулоқот имрӯз, 28 апрел дар минтақаи нейтралии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон доир шудааст. Бино ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд ҷонибҳо муаммоҳои дар марз ба вуҷуд омадаи се моҳи ахирро баррасӣ кардаанд. Аз қумла гуфта мешавад, ки барои ба ҳолати аввала бозгардонии робитаҳои минтақаҳои наздисарҳадӣ ҳар ду […]

Раисони вилояти Суғди Тоҷикистон ва Бодканди Қирғизистон бар пайи афзоиши танишҳои ахири марзӣ мулоқот кардаанд. Ин мулоқот имрӯз, 28 апрел дар минтақаи нейтралии сарҳади Тоҷикистону Қирғизистон доир шудааст.

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Суғд ҷонибҳо муаммоҳои дар марз ба вуҷуд омадаи се моҳи ахирро баррасӣ кардаанд. Аз қумла гуфта мешавад, ки барои ба ҳолати аввала бозгардонии робитаҳои минтақаҳои наздисарҳадӣ ҳар ду тарафи омодагии худро изҳор кардаанд ва интизор меравад, ки равуо ва доду гирифти молу коло чун солҳои пеш ба роҳ монда шавад.

Баргузории ин мулоқот дар ҳолест, ки Тоҷикистону Қирғизистон бар пайи ҳодисаҳои рабудан шудани шаҳрвандони ду тараф аз сӯйи мақомоти марзбонӣ сафирони якдигарро дар кишварҳои худ эҳзор кардаву ба дасташон нотаи эътирозӣ супурдаанд.

"Ҷонибҳо масъалаҳои мубрам, аз ҷумла пешгирии сохтмонҳои ғайриқонунӣ дар сарҳад, ҳалли саривақтии обёрии заминҳо, бе дахолати мақомоти қудратӣ ва дар сатҳи мақомоти маҳаллӣ ҳал намудани муаммоҳои ба миён омада ва амсоли инро баррасӣ карда, ба мувофиқа расиданд, ки минбаъд масъалаҳо ҳар ҳафта дар сатҳи роҳбарони ноҳияҳо ва моҳе ду маротиба дар сатҳи раисони вилоятҳо баррасӣ карда шавад"- хабар додааст манбаъ.

Ҳамчунин дар ин мулоқот таъкид шудааст, ки тоҷикону қирғизҳо давоми асрҳо дар ҳамсоягии ҳам зиста, бо риояи анъанаҳои неки ҳамзистии осоишта дар рӯзҳои шодиву сурур ва сӯзу мотам дар паҳлуи якдигар буданд, зеро ҳамсояро интихоб намекунанд.

Дар ин дидор масъалаи обёрии заминҳо ҳам ба баҳс кашида шудааст, ки ахиран чанд таниши марзӣ бар сари об дар деҳаи Хоҷаи Аъло Исфара ва Овчи-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров сар зад. Қирғизистон дар ин авохир изҳорот дод, ки дар саргаҳи дарёчаи Хоҷабоқирғон се обанбор месозад. Тоҷикистон мегӯяд, ки бунёди обанборҳо бояд бо Тоҷикистон мувофиқа шавад. 

Аз оби ин дарё бархе аз заминҳои кишоварзии ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва оби нӯшокии шаҳрҳои Хуҷанду Бӯстони вилояти Суғд таъмин мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.