Эмомалӣ Раҳмону Бердимуҳаммадов мувофиқа кардаанд, ки вазирони хориҷаи ду кишвар мулоқот кунанд

Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов суҳбати телефонӣ анҷом дод. Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Туркманистон таъзия ва тассалиёти амиқи худро дар робита ба талафоти гарон – фавти падараш изҳор намудааст. “Дар ин рӯзҳои ғамангез ба Шумо ва пайвандону наздиконатон матонати рӯҳӣ ва […]

Имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов суҳбати телефонӣ анҷом дод.

Бино ба иттилои хадамоти матбуоти сарвари давлат, дар суҳбат Эмомалӣ Раҳмон ба президенти Туркманистон таъзия ва тассалиёти амиқи худро дар робита ба талафоти гарон – фавти падараш изҳор намудааст.

“Дар ин рӯзҳои ғамангез ба Шумо ва пайвандону наздиконатон матонати рӯҳӣ ва сабри ҷамил мехоҳам”, – таъкид дошт Пешвои миллат.

Гуфта мешавад, ҳамчунин ҷонибҳо атрофи ҳолат ва дурнамои муносибатҳои Тоҷикистону Туркманистон мубодилаи афкор анҷом доданд.

“Дар ин зимн, сарони кишварҳо ба мувофиқа расиданд, ки ояндаи наздик мулоқоти машваратии вазирони корҳои хориҷӣ, инчунин ҷаласаи навбатии комиссияи муштаракаи байниҳукуматиро оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ бо мақсади баррасии ҳамаи ҷанбаҳои ҳамкориҳои дуҷониба баргузор намоянд”, – зикр мешавад дар хабари хадамоти матбуоти президент.

Мяликгулӣ Бердимуҳамедов, падари президенти Туркманистон 18 апрел дар синни 89-солагӣ аз олам даргузашт. 19 апрел Эмомалӣ Раҳмон дар ин робита ба Гурбонгулӣ Бердимуҳаамедов барқияи тасаллият ирсол намуда буд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Аз оғози сол маҳсулот ва хидматрасониҳо дар Тоҷикистон қариб 2% қимат шудааст

Аз ҳама бештар нархи себ, сӯзишворӣ ва хидматрасониҳои коммуналӣ гарон шудааст.

Ҷаласаи Доналд Трамп дар робита ба қабули “қарори ниҳоӣ” дар мавриди Эрон бе натиҷа ба поён расидааст

Вазорати хориҷаи Эрон мегӯяд, "ҳанӯз ҳеҷ созише бо Амрико ниҳоӣ нашудааст".

“Сукут дар баробари 150 млн форсизабон нишони оқилӣ нест”. Чаро Тоҷикистон ба расонаи форсинавис ниёз дорад?

Аз дастури раисҷумҳур то зарурати шикастани бунбасти иттилоотӣ ва нақши "Азия-Плюс" дар таъсиси бахши форсинавис.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.