“Истиқлол” “Шабоб Ал-Аҳлӣ”-ро низ шикаст доду садрнишини гуруҳ боқӣ монд

Asia-Plus

Бошгоҳи футболи "Истиқлол"-и Душанбе, дар бозии панҷуми худ дар марҳилаи гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC (Конфедератсияи футболи Осиё)-2021 тими “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай”-и Имороти Муттаҳидаи Арабиро шикаст дод ва бо касби 3 (ҳамагӣ 10 имтиёз) имтиёз дар садри гуруҳи «А»  қарор гирифт. Голи ягонаи ин бозиро Алишер Ҷалилов, капитани дастаи Истиқлол дар дақиқаҳои иловагӣ (90+6) ба ҳадаф расонид. 

Ин бозӣ шаби 28-уми апрел дар Риёз, пойтахти Арабистони Саудӣ баргузор шуд. Қисмати ҷолиб ва талошҳо барои пирӯзӣ дар қисмати дувуми дидор сурат гирифт. Хусусан дарвозабони “Истиқлол” Рустам Ятимов бо маҳорати вижае аз дастааш муҳофизат кард ва нагузошт бозингарони тими рақиб голе бизананд. 

Дар Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 ин севумин пирӯзии “Истиқлол”  ҳисоб мешавад. Аз ин пештар бозиҳои ин даста дар гуруҳи “А” бо бошгоҳи «Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай» мусовӣ (0:0), бо бошгоҳи АГМК-и Узбекистон (3:2) бо пирӯзӣ анҷомида буд.  Дар даври севум “Истиқлол” аз “Ал-Ҳилол”-и Саудӣ 1:3 бохт шикаст хӯрда буд, ки дар даври чорум тавонист ин қаҳрамони чандинбораи AFC-ро  бо ҳисоби бузурги 4:1 шикаст диҳад.

Ҳоло "Истиқлол" бо касби 10 имтиёз дар садри гуруҳи "А" қарор дорад. Дастаи "Ал-Ҳилол"-и кишвари мизбон низ бо 10 имтиёз дар мақоми дувум қарор гирифтааст. "Ал-Ҳилол" ҳам шаби 28-уми апрел дастаи АГМК-и Олмалиқи Узбекистонро 3.0 шикаст дод. Дастаҳои “Шабоб Ал-Аҳлӣ Дубай” ва АГМК бо чоримтиёзӣ мутаносибан ҷойҳои севуму чорумро касб кардаанд.

Марҳилаи гуруҳии Лигаи қаҳрамонҳои AFC-2021 дар гуруҳи «А» то 30-юми апрел (бо вақти Душанбе то 1-уми май) идома хоҳад кард. 

Дар марҳилаи гурӯҳии Лигаи қаҳрамонҳои АFC-2021 қаҳрамони Тоҷикистон – "Истиқлол" дар бозии охирини худ рӯзи ҷумъаи 30-юми апрел ( бо вақти Душанбе шаби 1-уми май) бори дувум бо бошгоҳи АГМК-и Узбекистон рақобат хоҳад кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.