Шикоят аз сарвари як мактаб дар Панҷакент. Мудири маориф: мо ӯро озод мекунем

Asia-Plus

Гуруҳе аз сокинон деҳаи Наврӯзтеппаи ҷамоати деҳоти Халифа Ҳасани шаҳри Панҷакент бо ирсоли як нома ба идораи “Азия-Плюс” аз мудири мактаби миёнаи № 36 ҳамин деҳа Ансор Остонаев шикоят карда, ӯро ба як қатор қонуншиканиҳо ва суъистифода аз мансаб муттаҳам кардаанд.

Аз ҷумла навиштаанд, ки мудири мактаб хешу наздиконаш, аз ҷумла бародараш Акмал Остонаев ва чанде дигарро дар мактаб ба кор гирифтааст, ки онҳо аз буҷаи давлат маош мегиранд, вале сари кор ҳузур надоранд.

Ин сокинон мудири мактабро ҳатто дар ҷамъоварии ғайриқонунии маблағ аз хонандагон муттаҳам карда менависанд, ки “ҳар сол аз 700 талаба ба андозаи аз 20 то 30 сомонӣ барои таъмири мактаб ҷамъ мекунад ва ҳамчунин барои чорабиниҳои гуногун, аз ҷумла Соли нав ва ҷашни Наврӯз ба таври ҷудогона аз ҳар талабаи мактаб 30 сомонӣ пул ҷамъоварӣ мекардааст.

Ҳамчунин навиштаанд, ки мудири мактаб аз маоши муаллимон бо ҳар баҳона миқдореро мегирад ва замини назди мактабро бар хилофи ободонии муассиса ба манфиати шахсии худаш истифода мебарад.

Ин сокинон ҳатто навиштаанд, ки гӯё ин мудири мактаб умуман маълумоти олӣ надорад.

Ансор Остонаев 12 сол мешавад, ки дар вазифаи мудири мактаби миёнаи № 36 деҳаи Наврӯзтеппа кор мекунад.

Талошҳои “Азия-Плюс” барои пайдо кардани мудири ин мактаб натиҷа надод, вале Алишер Мутрибов, иҷрокунандаи мудири шуъбаи маорифи шаҳри Панҷакент гуфт, ки ин сокинон ба шуъбаи маориф ҳам ариза навишта буданд. Вале ваҷҳое, ки онҳо дар аризаашон зикр кардаанд, мо комиссия ташкил карда рафта санҷидем, тасдиқ нашуд.

“Мо гуруҳи корӣ рафта санҷидем. Онҳо дар мактуб ҳолати пулҷамъкуниву инҳоро гуфтаанд, ки дидем, маблағҳое, ки аз мардум барои кадом коре, ки гирифтаанд дуруст сарф шудааст”.

Ишораи Алишер Мутрибов ба дуруст сарф шудани маблағҳои ҷамъоварда дар ҳолест, ки мувофиқи қонунгузорӣ ва тавсияҳову ҳушдорҳои Вазорати маориф ҳеч кас ҳақ надорад аз мактабхонҳо маблағ ҷамъ кунад.

Иҷрокунандаи вазифаи мудири маорифи шаҳри Панҷакент, ҳамчунин далели маълумоти олӣ надоштани мудири ин мактабро беасос медонад ва мегӯяд, ки имкон надорад муаллим бе дипломи мактаби олӣ дар вазифаи роҳбарӣ кор кунад. “Муаллим то 7 сол собиқаи корӣ надошта бошад ӯро директори мактаб намемонанд. Бе маълумоти олӣ ҳам чунин аст. Гапҳое, ки дар ариза оварда шудааст, туҳмату иғво мебошанд”.

Аммо иҷрокунандаи вазифаи мудири маорифи шаҳри Панҷакент мегӯяд, ки онҳо баъди ба анҷом расидани соли таҳсил, дар охири моҳи июн ин мудири мактабро аз кор озод мекунанд. “То анҷоми соли таҳсил ду моҳи дигар мондааст, сол тамом шавад мо аз кор озод мекунем. Чун ин кор бояд бо Вазорат ва раёсати маориф мувофиқа шавад”.

Ҳамчунин сокинон дар шикояташон зикр кардаанд, ки мактаб аз лиҳози надоштани мизу курсӣ танқисӣ мекашад, аз бомҳои мактаб об мерезад, дар зимистон талабагон азоб мекашанд ва дар шароите, ки дунё ба сӯйи технологияҳои иттилоотӣ меравад компютери солиму дуруст низ надорад.

Муаллифони мактуб зикр кардаанд, ки онҳо бо нишон додани манзари ҳузнангези мактаб ва паёмадҳои кори мудири он аз мақомоти боло хоҳиш доранд, ки ин мудири мактабро иваз кунанду кадри мувофиқеро таъин кунанд, ки битавонад мактабро обод намояду дар рушди насли наврас дар деҳот саҳми воқеӣ гузорад.

Ҳамчунин ин сокинон иддао кардаанд, ки дар сурати бенатиҷа мондани мактубашон, дар оянда ба Вазорати маориф Дастгоҳи иҷроияи президент шикоят мебаранд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.