Тоҷикистон ҳам барои лату кӯби ду мактабхони Ворух сафири Қирғизистонро эҳзор карду нотаи эътирозӣ супурд

Asia-Plus

 

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон сафири Қирғизистон дар Тоҷикистон Ҷаниш Рустенбековро ба сафорат эҳзор кардаву ба дасти ӯ нотаи эътирозӣ супурдааст. Дар ин бораи торнамои ВКХ  хабар медиҳад. 

Бино ба иттилои дафтари матбуоти ВКХ Тоҷикистон ин ёддоштро 27 апрел муовини Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо сафири Қирғизистон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зимни як мулоқот  бо изҳори нигаронии амиқ супурдааст.

Дар ёддошти Тоҷикистон аз қазияи лату кӯби ду шаҳрванди ноболиғи кишвар нигаронӣ шудааст. 

"Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Сафири Қирғизистон ёддошт супорид, ки дар он ҷониби Тоҷикистон аз амалҳои ғайриқонунии намояндагони Хадамоти давлатии марзбонии Қирғизистон нисбат ба ду шаҳрванди ноболиғи Тоҷикистон дар минтақаи Кулики Ҷамоати Ворухи шаҳри Исфара изҳори нигаронии амиқ кардааст",- гуфта мешавад дар ин хабарномаи ВКХ.

Ҳусейнзода ба сафири кишвари ҳамсоя ғайри қобили қабул будани чунин амалҳои ғайриқонуниро, ки сабаби ташаннуҷ дар минтақаи наздимарзӣ гардидаанд, изҳор кардааст.

Муовини Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон аз ҷониби Қирғизистон даъват кардааст, ки барои ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳгорон тадбирҳои фаврӣ андешида, аз натиҷаи он ба ҷониби Тоҷикистон хабар диҳанд.

Ин мақоми вазорати хориҷаи Тоҷикистон изҳор кардааст, ки ҷониби Тоҷикистон ҷонибдори рушди муназзами муносибатҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек бо Қирғизистон дар шароити сулҳ, субот ва эҳтироми тарафайн дар асоси анъанаҳо ва арзишҳои муштараки маънавию фарҳангии ду халқи бародар мебошад.

Ин ёддошти эътирозии Тоҷикистон дар ҳолест, ки чанд рӯз пеш ҷониби Қирғизистон сафири Тоҷикистон дар ин кишвар Назирмад Ализодаро ба гуфти мақомоти ин кишвар дар пайванд ба рабудани ду шаҳрванди Қирғизистон – ду сокини ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканд  ба ВКХ эҳзор кардаву нота дода буд. 

Бояд гуфт, ҷониби Тоҷикистон иттилоъ дода буд, ки 25-уми апрел ҳангоми чаронидани гов дар мавзеъи чарогоҳи болотари маҳаллаи Заҳматободи ҷамоати Ворух хонандагони синфи 8 О. Ғафуров ва И. Саидов ду шаҳрванди ноболиғи Тоҷикитонро марзбонони Қирғизистон рабудаву латукӯб кардаанд.

Дирӯз ҷузъиёти ин қазияи рабудан ва лату кӯбро "Азия-Плюс" ҳангоми суҳбат бо мақомоти маҳалии ҷамоати Ворух ва падари яке аз ин ноболиғон пешниҳод карда буд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.