Дар Best Style Awards ба Манижа сагбача туҳфа карданд

Овозхон Манижа, ки дар озмуни Евровидение-2021 аз Русия намояндагӣ мекунад, аз созмондиҳандагони ҷоизаи Best Style Awards 2021 ва Родион Газманов туҳфаи ғайриодӣ гирифт. Маросими ҷоизасупорӣ чанде пеш дар тарабхонаи Maze баргузор шуд, хабар медиҳад нашрияи passion.ru. Ба овозхон сагбачаи эҳтимол зоти булли покети амрикоӣ тақдим шуд. Манижа аз ин туҳфаи ногаҳонӣ самимона изҳори тааҷҷуб намуда, […]

Овозхон Манижа, ки дар озмуни Евровидение-2021 аз Русия намояндагӣ мекунад, аз созмондиҳандагони ҷоизаи Best Style Awards 2021 ва Родион Газманов туҳфаи ғайриодӣ гирифт. Маросими ҷоизасупорӣ чанде пеш дар тарабхонаи Maze баргузор шуд, хабар медиҳад нашрияи passion.ru.

Ба овозхон сагбачаи эҳтимол зоти булли покети амрикоӣ тақдим шуд. Манижа аз ин туҳфаи ногаҳонӣ самимона изҳори тааҷҷуб намуда, бо камоли майл бо сагбача аксбардорӣ кард.

Арзиши чунин сагбача аз 150 ҳазор рубл оғоз гардида, то ба зиёда аз 400 ҳазор рубл расида метавонад.

Дар хабари нашрия гуфта мешавад, Манижа ҳамроҳи модараш Наҷиба Усмонова, ки ба духтараш дар омодагӣ ба озмун кумак карда, ӯро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунад, ба маросими ҷоизасупорӣ омадааст.

Бо вуҷуди аз ҷониби на ҳама русиягиҳо пазируфта шудани интихоби Манижа ба озмуни “Евровидение”, овозхон ба изҳороти тунд дар ин хусус аҳаммият надода, бовар дорад, ки ба намояндагии Русия пурра ҳуқуқ дорад. Манижаро натанҳо наздикон, балки бисёре аз ситораҳо, ки миёнашон Алла Пугачева ҳам ҳузур дорад, дастгирӣ карданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.