Манижа Сангин ҳунарманди тоҷиктабор Русияро дар Eurovision намояндагӣ мекунад

Манижа Сангин овозхони тоҷиктабори муқими Русия дар озмуни имсолаи "Eurovision" (Евровидение), Русияро намояндагӣ хоҳад кард. Ин озмун қарор аст, моҳи майи имсол дар Ротердам баргузор шавад.  Манижа зодаи Тоҷикистон аст, ки ба навиштаи расонаҳои русӣ дар озмуни имсолаи Eurovision таронаи Russian Woman-ро мехонад.  Манижа Сангин, ки дар Маскав зиндагӣ мекунад на танҳо бо овозхонӣ, балки бо фаъолиятҳои […]

Манижа Сангин овозхони тоҷиктабори муқими Русия дар озмуни имсолаи "Eurovision" (Евровидение), Русияро намояндагӣ хоҳад кард. Ин озмун қарор аст, моҳи майи имсол дар Ротердам баргузор шавад. 

Манижа зодаи Тоҷикистон аст, ки ба навиштаи расонаҳои русӣ дар озмуни имсолаи Eurovision таронаи Russian Woman-ро мехонад. 

Манижа Сангин, ки дар Маскав зиндагӣ мекунад на танҳо бо овозхонӣ, балки бо фаъолиятҳои иҷтимоияш ҳам маъруф аст. Аз ҷумла ӯ солҳои ахир ба мавзуъи муҳоҷирону паноҳандагон бештар мепардозад ва ҳатто ин мавзуъ ба матни сурудҳояш низ раҳ ёфтааст.

Соли гузашта ӯ нахустин касе аз Русия буд, ки Сафири ҳусни нияти СММ шуд, то ин вақт СММ аз Русия ин сафирони ҷамъиятиро надошт. 

Ӯ дар як мусоҳиба бо "Коммерсантъ" гуфта буд, ки баъди ин масъулияти иҷтимоиро ба дӯш гирифтан бо кӯдакону паноҳандагони зиёде диду боздид кардаву аз рӯзгори онҳо огоҳ шудааст. Ӯ дар ин мусоҳиба аз мушкилоти паноҳангони Афғонистон, муҳоҷирини тоҷик, фарзандони онҳо дар Русия ёдовар шуда буд. 

Манижа Сангин 30 сол дорад ва барои овозхонӣ ва фаъолиятҳои иҷтимоияш дар расонаҳиои Русия тез-тез пайдо мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 майи соли 2026

Имрӯз дар шаҳри Душанбе мавсими саёҳати дохилишаҳрӣ бо автобусҳои сурх оғоз мешавад.

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.