Назари Пугачёва ба суруди Манижа дар “Евровидение”

Asia-Plus

Овозхони машҳури Русия Алла Пугачёва доир ба суруди Russian Woman («Русская женщина»)-и Манижаи Сангин (Manizha), ки бо ин суруд ӯ аз Русия дар озмуни “Евровидение” дар соли 2021 намояндагӣ мекунад, изҳори назар кард. Дар ин бора Газета.ру хабар медиҳад.

Назари худро Пугачёва дар YouTube-шоу «Музыкалити» баён кард.

“Нахуст ӯ (Манижа) як шахсият мебошад <…>. Суруд маҳз барои “Евровидение” аст”, – иброз доштааст овозхон.

Ғайр аз ин, Пугачёва гуфтааст, Манижа ба ӯ маъқул аст ва бо шӯхӣ ба суруди ӯ дар озмун иловае ҳам кардааст.

“Ман аз он сар мекардам, ки “медонам, ки чизе намегирам, лекин ман зани русам, ҳамаашро ба як тини сиёҳ намегирам”. Ана чунин матн хеле хуб мешуд”, – илова намудааст Пугачёва.

Озмуни “Евровидение” бояд рӯзҳои 18-22 май дар толори Ahoy-и Роттердам бо иштироки сарояндагон аз 41 кишвари дунё баргузор шавад. Дар ҳамин ҳол, созмондиҳандагони озмун изҳор доштаанд, ки худи озмун ба таври зинда (офлайн) доир гардида, лекин намояндагони ҳайатҳо, инчунин шумори рӯзноманигоронро кам мекунанд.

Аз Русия дар ин озмун овозхон Манижаи Сангин бо суруди Russian Woman намояндагӣ мекунад. Чанде пеш маълум шуд, ки дар озмун ӯ рӯзи 18 май дар даври аввали нимфиналӣ зери рақами 3 баромад мекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.