Ҷузъиёти даргириҳо дар нақли як духтури Ёрии таъҷилӣ аз Исфара: ба сӯям бо снайпер тир андохтанд

Asia-Plus

Як духтури Ёрии таъҷилӣ аз ҷамоати деҳоти Сурхи Исфара мегӯяд, рӯзи 29-уми апрел замони авҷи даргирии марзӣ дар ҷамоати Хоҷаи-Аъло панҷ нафар маҷруҳеро, ки дар ҳолати вазнин буданд аз майдони муноқиша берун кашидааст.

Камолиддин Ашӯров дар суҳбат ба “Азия-Плюс” гуфт ҳамаи маҷруҳшудагон сокинони маҳаллӣ буданд, ки аз тиру тӯпи ҷониби Қирғизистон захмӣ шудаанд. Ӯ гуфт худаш низ чанд маврид ҳадафи нишони снайпери неруҳои қирғиз қарор гирифт, вале хушбахтона ҷон ба саломат бурд ва аз майдони муноқиша берун омад.

Ин пизишк мегӯяд бо мошини шахсии худ маҷруҳонро ба беморхонаи марказии Исфара мерасонид, вале дар роҳи бозгашт байни Хоҷаи-Аъло ва деҳаи Сомониён мавриди ҳамлаи тирборони низомиёни ҷониби ҳамсоя қарор гирифт.  Қиссаи ёрӣ расонидан ба маҷруҳон ва наҷоти ин духтур тирборони снайперро дар ин видео бубинед.

Бояд гуфт, ки даргириҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон субҳи имрӯз бар сари тақсимоти об дар деҳаи Хоҷаи Аъло оғоз шуд, ки ба даргириҳои мусаллаҳона аз ҳар ду ҷониб кашонд. Ҳоло бино ба иттилооти то ин замон расида аз ду ҷониб бештар аз 150 нафар захмӣ шудаву  7 нафар аз ҳар ду ҷониб кушта шудааст.

Ҷониби Тоҷикистону Қирғизистон як изҳороти муштарак нашр карданд, ки дар он ба хатми даргириҳои мусаллаҳона, берун кашидани неруҳо ва таъсиси як гуруҳи корӣ барои муътадил шудани вазъ ба тавофуқ расиданд. 

Нашри зиндаи хабарҳо дар мавриди даргириҳо ва хабарҳои лаҳза ба лаҳза аз макони рӯйдодро метавонед дар нашри зиндаи "Азия-Плюс" бихонед ва пайгирӣ кунед. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.