Изҳороти муштараки Тоҷикистону Қирғизистон дар бораи тавофуқи ҳосилшуда

Комиссияи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон барои ба эътидол овардани вазъ дар нуқтаҳои марзӣ баъди гуфтушуниди чандсоата бо нашри як изҳороти муштарак аз тавофуқоти ҳосилшуда хабар дод. Дар ин бора аз ҳукумати шаҳри Исфара ба "Азия-Плюс" хабар доданд.  Дар изҳороти муштарак гуфта мешавад, ки "ҷонибҳо омилҳо ва пайомадҳои ҳодисаи рӯзи 29.04.2021-и рухдода дар марзро баррасӣ карда, ба тавофуқи […]

Комиссияи муштараки Тоҷикистону Қирғизистон барои ба эътидол овардани вазъ дар нуқтаҳои марзӣ баъди гуфтушуниди чандсоата бо нашри як изҳороти муштарак аз тавофуқоти ҳосилшуда хабар дод. Дар ин бора аз ҳукумати шаҳри Исфара ба "Азия-Плюс" хабар доданд. 

Дар изҳороти муштарак гуфта мешавад, ки "ҷонибҳо омилҳо ва пайомадҳои ҳодисаи рӯзи 29.04.2021-и рухдода дар марзро баррасӣ карда, ба тавофуқи дуҷониба расидаанд, ки низоъҳои мусаллаҳонаро қатъ мекунанд, ҳайати шахсӣ ва техникаи низомиро ба макони доимии будубошашон мебаранд ва барои роҳ надодан ба шиддат гирифтани вазъ чораандешӣ мекунанд".  

Ҳамчунин аз ҳисоби кормандони ниҳодҳои қудратӣ ва мақомоти иҷроияи ду ҷониб  барои комилан иҷроӣ шудани тадбирҳои мазкур ва эҷоди шароити баэътидоловарандаи лозим ҷиҳати раванди муассири гуфтушуниде, ки ба манфиати мардумон ва давлатҳои дӯсти ҳарду ҷониб аст, гуруҳи корӣ таъсис медиҳанд.

Зери ин изҳороти муштарак аз ҷониби Тоҷикистон раиси КДАМТ Саймумин Ятимов ва аз сӯйи Қирғизистон намояндаи ваколатдори ҳукумати Қирғизистон дар вилояти Бодканд Омурбек Суваналиев имзо гузоштаанд.

Бояд гуфт, ки даргириҳо дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон субҳи имрӯз бар сари тақсимоти об дар деҳаи Хоҷаи Аъло оғоз шуд, ки ба даргириҳои мусаллаҳона аз ҳар ду ҷониб кашонд. Ҳоло бино ба иттилооти то ин замон расида аз ду ҷониб бештар аз 180 нафар захмӣ шудаву  4 нафар аз сӯйи Тоҷикистон ва 3 нафар аз ҷониби Қирғизистон кушта шудааст.

Нашри зиндаи хабарҳо дар мавриди даргириҳо ва хабарҳои лаҳза ба лаҳза аз макони рӯйдодро метавонед дар нашри зиндаи "Азия-Плюс" бихонед ва пайгирӣ кунед. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".