Беш аз 70 зану кӯдаки чоркӯҳиро ба хобгоҳи Донишгоҳи технологӣ дар Исфара кӯчониданд

Asia-Plus

Беш аз 70 зану кӯдаки ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи Исфароро аз минтақаи осебпазир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар хобгоҳи филиали Донишгоҳи технологии Тоҷикистон дар шаҳри Исфара ҷоба ҷо кардаанд. Дар ҳоли ҳозир ба онҳо ёрии аввалия расонида мешавад. Дар ин бора муовини декани ин донишкада ба “Азия-Плюс” хабар дод. 

“Мо занону кӯдакони Чоркӯҳро, ки аз минтақаи даргирӣ кӯчонида баданд дар хобгоҳи филиали донишгоҳ ҷойгир кардем. Барои онҳо маҳсулот ва ашёи ниёзи аввал муҳайё шудааст. Дар ҳоли ҳозир онҳо ба чизе ниёз надоранд, вале агар дар ояндаи наздик чизе иловагие лозим шавад, мо ҳатман барои кӯмак муроҷиат хоҳем кард”, – афзуд манбаъ.

Аммо то кунун шумораи дақиқи мардуми кӯчонидашуда аз мавзеъҳои осебпазир дар марзи Тоҷикистону Қирғизистон дар шаҳри Исфара ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров дақиқ нест. Мақомот гуфтаанд, ки кӯчонидани мардум ба хотири пешгирӣ аз хатарҳои эҳтимолӣ аст ва ин ҳеч гуна кӯчонидани муташаккилона нест, балки каме ба ҷойҳои бехафтар рафтани мардум аст.

Аз чӣ гуна айни замон ҷараён доштани вазъ дар сарҳади байни Тоҷикистону Қирғизистон аз нашри зиндаи мо маълумоти бештар пайдо карда метавонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.