Нафақахӯрони Тоҷикистон дар як сол қариб 23 ҳазор нафар зиёд шуданд

Ба ҳолати 1 апрели соли 2021 шумори умумии нафақахӯрон дар Тоҷикистон зиёда аз 715,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, хабар медиҳад Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ. Шумори нафақахӯрон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2020 ба андозаи 3,3% ё худ зиёда аз 22,9 ҳазор нафар зиёд шуд. Гуфта мешавад, ҳаҷми нафақаи миёна дар […]

Ба ҳолати 1 апрели соли 2021 шумори умумии нафақахӯрон дар Тоҷикистон зиёда аз 715,4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад, хабар медиҳад Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди ҳукумати ҷумҳурӣ.

Шумори нафақахӯрон дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2020 ба андозаи 3,3% ё худ зиёда аз 22,9 ҳазор нафар зиёд шуд.

Гуфта мешавад, ҳаҷми нафақаи миёна дар кишвар ба 1 апрели соли ҷорӣ 320 сомонӣ ($28)-ро ташкил дод, ки 18,32 сомонӣ ё худ 6,1% нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта зиёдтар аст.

Аз ҳисоби андози иҷтимоӣ семоҳаи аввали ҳамин сол ба буҷети суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа 825,4 млн сомонӣ ($73 млн) пардохт шудааст, ки нисбат ба се моҳи соли гузашта 138,2 млн сомонӣ ($12,2 млн) ё худ 20,1% бештар мебошад.

Меъёри стандартии андози иҷтимоӣ барои суғуртакунандагон (корфармоҳо) айни замон 25%, барои шахсони суғурташаванда (кормандон) – 1%-ро ташкил медиҳад.

Дар лоиҳаи Кодекси нави андоз, ки қабулаш давоми соли ҷорӣ дар назар аст, пешниҳод мешавад, ки меъёри андози иҷтимоӣ барои суғуртакунандагони ташкилотҳои буҷетӣ бетағйир (25%) боқӣ гузошта шуда, барои дигар ташкилотҳо – то 20% поин бурда шавад.

Дар назар аст, ки барои шахсони суғурташудаи ташкилотҳои буҷетӣ меъёр дар сатҳи ҳозира (1%) боқӣ монда, барои дигар ташкилоҳо – то 2% боло меравад.

Шумори шахсони машғули кор дар ҷумҳурӣ ҳудуди 2,5 млн нафарро ташкил медиҳад. Ин маънои онро дорад, ки ба ҳар як нафақахӯр дар ҷумҳурӣ қариб 3,5 нафар шахси коргар рост меояд, ки нишондиҳандаи начандон бад аст.

Барои муқоиса, дар Русия ба ҳар як нафахӯри ин кишвар тақрибан 2 шаххси коркунанда рост меояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 2 июни соли 2026

Аз зодрӯзи Зафар Нозиму Афзалшоҳи Шодӣ то Рӯзи ғизои солим ва худдорӣ аз исроф дар хӯрдан аст.

“Ҳама паси ободӣ ва зиндагии худ ҳастанд”. Тасвири вазъи Эрон аз забони мусофирони аввалин парвози Теҳрон – Душанбе пас аз ҷанг

Бо сабаби мушкили дастрасӣ ба интернет ва тамос бо хориҷа, шароиту рӯзгори воқеии эрониён барои расонаҳо норӯшан буд.