Эмомалӣ Раҳмону Содир Ҷабборов мулоқоти рӯ ба рӯ мекунанд

Asia-Plus

Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов зимни як суҳбати телефонӣ, имрӯз, 30-юми апрел вазъи марзро баррасӣ карда, ба тавофуқ расидаанд, ки нимаи моҳи май дар Душанбе нишасти рӯ ба рӯ баргузор мекунанд. Дар ин бора торнамои расмии раисҷумҳури Қирғизистон хабар додааст.

Дафтари матбуоти президенти Қирғизистон мегӯяд, ки "миёни роҳбарони ду кишвар муколамаи созанда дар рӯҳияи ҳамсоягии неки мубтанӣ бар принсипҳои эҳтироми тарафайн ба тамомияти арзии кишварҳо сурат гирифт".

Дар ин гуфтушунид чораҳои ҳарчи сареътар паст кардани шиддати вазъи бавуҷудомад дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистонро муҳокима карданд.

Содир Ҷабборов таъкид кардааст, ки ҷониби Қирғизистон тасмим гирифтааст, ки масоили байнидавлатиро тавассути муколама ҳал намуда, вазъи муътадилро дар нққтаҳои марзӣ ҳифз кунад.

Ҷаборов изҳори итминон кардааст, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар минбаъд низ дар заминаи дӯстии суннатӣ ва ҳамсоягии чандинасраи халқҳои қирғизу тоҷик тадриҷан ва самарабахш рушд хоҳанд кард.

Сарони давлатҳо ба мувофиқа расиданд, ки вазъи мавҷударо танҳо бо роҳи осоишта ҳал карда, дар нимаи дуюми моҳи майи соли равон дар Душанбе мулоқоти рӯ ба рӯ баргузор мекунанд.

Музокироти ҳайатҳои ҳукуматии ҷонибҳо одар мавриди таъину аломатгузории марзи давлатии Қирғизистону Тоҷикистон пагоҳ, 1 май дар минтақаи Ботканд баргузор мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.