Эмомалӣ Раҳмону Содир Ҷабборов мулоқоти рӯ ба рӯ мекунанд

Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов зимни як суҳбати телефонӣ, имрӯз, 30-юми апрел вазъи марзро баррасӣ карда, ба тавофуқ расидаанд, ки нимаи моҳи май дар Душанбе нишасти рӯ ба рӯ баргузор мекунанд. Дар ин бора торнамои расмии раисҷумҳури Қирғизистон хабар додааст. Дафтари матбуоти президенти Қирғизистон мегӯяд, ки "миёни роҳбарони ду кишвар муколамаи созанда дар рӯҳияи ҳамсоягии […]

Эмомалӣ Раҳмон ва Содир Ҷабборов зимни як суҳбати телефонӣ, имрӯз, 30-юми апрел вазъи марзро баррасӣ карда, ба тавофуқ расидаанд, ки нимаи моҳи май дар Душанбе нишасти рӯ ба рӯ баргузор мекунанд. Дар ин бора торнамои расмии раисҷумҳури Қирғизистон хабар додааст.

Дафтари матбуоти президенти Қирғизистон мегӯяд, ки "миёни роҳбарони ду кишвар муколамаи созанда дар рӯҳияи ҳамсоягии неки мубтанӣ бар принсипҳои эҳтироми тарафайн ба тамомияти арзии кишварҳо сурат гирифт".

Дар ин гуфтушунид чораҳои ҳарчи сареътар паст кардани шиддати вазъи бавуҷудомад дар сарҳади Тоҷикистону Қирғизистонро муҳокима карданд.

Содир Ҷабборов таъкид кардааст, ки ҷониби Қирғизистон тасмим гирифтааст, ки масоили байнидавлатиро тавассути муколама ҳал намуда, вазъи муътадилро дар нққтаҳои марзӣ ҳифз кунад.

Ҷаборов изҳори итминон кардааст, ки ҳамкориҳои мутақобилан судманди ду кишвар минбаъд низ дар заминаи дӯстии суннатӣ ва ҳамсоягии чандинасраи халқҳои қирғизу тоҷик тадриҷан ва самарабахш рушд хоҳанд кард.

Сарони давлатҳо ба мувофиқа расиданд, ки вазъи мавҷударо танҳо бо роҳи осоишта ҳал карда, дар нимаи дуюми моҳи майи соли равон дар Душанбе мулоқоти рӯ ба рӯ баргузор мекунанд.

Музокироти ҳайатҳои ҳукуматии ҷонибҳо одар мавриди таъину аломатгузории марзи давлатии Қирғизистону Тоҷикистон пагоҳ, 1 май дар минтақаи Ботканд баргузор мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".