YouTube дар Ӯзбекистон дигар маблағ пардохт намекунад

Asia-Plus

Ширкати YouTube ҳавасмандсозии моддиро ба муаллифони саҳифаҳои узбекзабон қатъ кард.

Сар аз моҳи апрели соли ҷорӣ даромади блогерҳои узбекистонӣ аз ҳисоби саҳифаҳо дар YouTube якбора кам шуд. Ширкати YouTube тасмим гирифтааст, ки ҳавасмандсозии моддии муаллифони саҳифаҳои узбекзабонро коҳиш диҳад.

Ширкати YouTube тасмими ахирашро шарҳ намедиҳад. Аммо нашрияи интернетии Qalampir.uz менависад, ин тасмим мумкин аст, ба он рабт дошта бошад, ки YouTube дар ҳудуди Узбекистон расман фаъолият надорад.

Дар солҳои охир дар Узбекистон блогнависӣ, аз ҷумла блог ва ё саҳифаҳои видеоӣ рушд мекунад. Ҳамзамон теъдоди муаллифони саҳифаҳое меафзояд, ки барои фаъолиятҳои блогерӣ даромад ба даст меоранд. Танҳо барои дидани наворҳояшон дар YouTube бархе аз соҳибони блогҳо ҳазорҳо доллар даромад мекунанд.

Акнун блогерҳои узбекистонӣ ҳатто аз даромади таблиғот дар YouTube маҳрум шудаанд.

Дар гузашта дастрасӣ ба YouTube дар Узбекистон борҳо маҳдуд шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.