YouTube дар Ӯзбекистон дигар маблағ пардохт намекунад

Ширкати YouTube ҳавасмандсозии моддиро ба муаллифони саҳифаҳои узбекзабон қатъ кард. Сар аз моҳи апрели соли ҷорӣ даромади блогерҳои узбекистонӣ аз ҳисоби саҳифаҳо дар YouTube якбора кам шуд. Ширкати YouTube тасмим гирифтааст, ки ҳавасмандсозии моддии муаллифони саҳифаҳои узбекзабонро коҳиш диҳад. Ширкати YouTube тасмими ахирашро шарҳ намедиҳад. Аммо нашрияи интернетии Qalampir.uz менависад, ин тасмим мумкин аст, ба он рабт […]

Asia-Plus

Ширкати YouTube ҳавасмандсозии моддиро ба муаллифони саҳифаҳои узбекзабон қатъ кард.

Сар аз моҳи апрели соли ҷорӣ даромади блогерҳои узбекистонӣ аз ҳисоби саҳифаҳо дар YouTube якбора кам шуд. Ширкати YouTube тасмим гирифтааст, ки ҳавасмандсозии моддии муаллифони саҳифаҳои узбекзабонро коҳиш диҳад.

Ширкати YouTube тасмими ахирашро шарҳ намедиҳад. Аммо нашрияи интернетии Qalampir.uz менависад, ин тасмим мумкин аст, ба он рабт дошта бошад, ки YouTube дар ҳудуди Узбекистон расман фаъолият надорад.

Дар солҳои охир дар Узбекистон блогнависӣ, аз ҷумла блог ва ё саҳифаҳои видеоӣ рушд мекунад. Ҳамзамон теъдоди муаллифони саҳифаҳое меафзояд, ки барои фаъолиятҳои блогерӣ даромад ба даст меоранд. Танҳо барои дидани наворҳояшон дар YouTube бархе аз соҳибони блогҳо ҳазорҳо доллар даромад мекунанд.

Акнун блогерҳои узбекистонӣ ҳатто аз даромади таблиғот дар YouTube маҳрум шудаанд.

Дар гузашта дастрасӣ ба YouTube дар Узбекистон борҳо маҳдуд шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.