Федератсияи иттифоқҳои касаба: ҳуқуқи коргарони маҳаллии ширкатҳои хориҷиро ҳимоя карда наметавонем, агар иттифоқи касаба надошта бошанд

Asia-Plus

Федератсияи иттифоқҳои касабаи  мустақили Тоҷикистон мегӯяд, ки онҳо замоне метавонанд аз ҳуқуқҳои кори кормандони маҳаллии ширкатҳои хориҷӣ ҳимоят кунанд, ки агар дар ин ширкатҳо иттифоқҳои касаба таъсис шуда бошад ё ин коргарон аъзои ин гуна иттиҳодияҳои касбӣ бошанд.

Саидзода Алӣ Иброҳим мудири Шуъбаи ҳуқуқи Федератсияи иттифоқҳои касабаи  мустақили Тоҷикистон  мегӯяд, ки ин ниҳод аз нигоҳи қонун шеваи дигари дахолат барои талаби риоя шудани ҳуқуқҳои коргарони маҳаллӣ дар ширкатҳои хориҷиро надорад.

Ин нуктаро Саидзода имрӯз дар як ҷаласаи вижа дар мавриди тавонманд кардани нақши иттифоқҳои касаба дар бахши ҳимояи ҳуқуқҳои меҳнатии корманадон зикр кард. Ин нишаст муштаракан аз сӯйи Федератсияи иттифоқҳои касабаи  мустақили Тоҷикистон, иттиҳодияи ҷамъияти “Дунёи ҳуқуқ” ва Институти “ҷамъияти кушода” дар Тоҷикистон роҳандозӣ шуда буд.

Саидзода мегӯяд, ки мувофиқи қонунгузории Тоҷикистон ва ҳуқуқи байналмилалӣ усули таъсис додани иттифоқҳои касаба ва шомил шудан ба онҳо ихтиёрӣ аст, аз ин рӯ мо маҷбур карда наметавонем, ки ин ширкатҳои иттифоқҳо касба таъсис диҳанд.

Ин нуктаро Саидзода бар пайи суоле изҳор кард, ки ахиран дар Тоҷикистон риоя нашудани ҳуқуқҳои кор ё меҳнатии коргарони маҳаллӣ дар ширкатҳои хориҷӣ бисёр доғ шудааст.

Аз ҷумла бархе аз коргарони ширкатҳои чинӣ дар Тоҷикистон шикоят карда буданд, ки корфармоён онҳоро бар хилофи кодекси меҳнати Тоҷикистон кор мефармоянд.

Чанде пештар коргарони кони тиллои “Покрӯд” аз шартҳои сахти кор ба танг омада, шикоят карда буданд. Кони тиллои «Покрӯд» дар мавзеи Ромити шаҳри Ваҳдат пурра ба сармоягузорони Чин тааллуқ дорад.

Дар гузашта баъзе коргарони ширкатҳои чинӣ дар НБО “Роғун” ҳам шикоят карда буданд, ки онҳоро бар хилофи қонунгкзории меҳнати Тоҷикистон, ки дар шароити сахт кор мекунанд, кор мефармоянд. Аз ҷумла онҳо гуфта буданд, ки бояд дар як моҳ 15 рӯз кор кунанд ва 15 рӯзи дигар тавонмандии худро барқарор кунанд. Вале корфармоён онҳоро як моҳи пурра кор мефармоянду ҳамон маошерол медиҳанд, ки барои 15 рӯзи корӣ пешбинӣ шудааст.

Ҳарчанд Хадамоти назорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ рӯзи 6-уми апрел бо нашри як изҳорот гуфт, дар пайи як санҷиш поймол шудани ҳуқуқи коргарон дар "Покрӯд"-ро тасдиқ кард ва ҷарима баст, аммо Федератсияи иттифоқҳои касаба мегӯяд, гуфтушуниди онҳо барои аз миён бурдани ин мушкил натиҷа надодааст.

Алӣ Саидзода мегӯяд, ки сарфи назар аз ҳама, онҳо ба ин гуна ширкатҳо дар мавриди ҳимояи ҳуқуқи коргарони маҳаллӣ мактуб кардаанд, вале ширкатҳо бо ишора ба нуктаҳои ихтиёрӣ будани шомил шудан ба иттифоқҳои касаба, пешниҳодҳои моро қонеъ намекунад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“Фалсафаи инсонмеҳварӣ ва васли инсонҳо”. Чӣ гуна Наврӯз ҷашни ваҳдати миллатҳо гардид?

Ҳарчанд, русуму ойинҳои ҳама миллатҳо аз ҳам тафовут доранд ва шеваи ҷашнороӣ низ фарқ мекунад, вале паёми Наврӯз барои ҳама яксон мемонад - расидан ба рӯзи нав, муттаҳидӣ ва оғози фасли тозаи зиндагӣ.

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

 “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 54

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...