Сармоягузорони туркро барои роҳандозии тиҷорат дар Тоҷикистон даъват карданд

Зимни мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода бо сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зеки Карагёл рӯзи 1 июн имконоти афзоиши ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими Туркия ба иқтисоди ҷумҳурӣ баррасӣ шуданд. Тавре маркази матбуоти Кумита хабар медиҳад, дар ҷараёни вохӯрӣ маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба ҷалби сармояи мустақим аз Туркия ба иқтисодиёти Тоҷикистон, […]

Зимни мулоқоти раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Тоҷикистон Саъдӣ Қодирзода бо сафири Туркия дар Тоҷикистон Эмре Зеки Карагёл рӯзи 1 июн имконоти афзоиши ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими Туркия ба иқтисоди ҷумҳурӣ баррасӣ шуданд.

Тавре маркази матбуоти Кумита хабар медиҳад, дар ҷараёни вохӯрӣ маҷмӯи масъалаҳои вобаста ба ҷалби сармояи мустақим аз Туркия ба иқтисодиёти Тоҷикистон, дурнамои рушди ҳамкорӣ бо доираҳои тиҷоратии ду кишвар, пешбурди савдо ва ба роҳ мондани ҳамкориҳо дар самти ташкили корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Гуфта мешавад, Саъдӣ Қодирзода барои иштироки доираҳои сармоягузории Туркия дар кори Форуми байналмилалии «Душанбе Инвест-2021», ки нимаи якуми моҳи июли соли равон дар Душанбе баргузор мегардад, аз сафир даъват ба амал овард.

Бино ба маълумоти Кумита, ҳаҷми сармоягузориҳои мустақими Туркия ба иқтисоди Тоҷикистон тайи 5 сол зиёда аз 100 млн долларро ташкил дод. Аз рӯйи ин нишондиҳанда Туркия танҳо аз Чин (ҳудуди 1,5 млрд доллар), Русия (беш аз 180 млн доллар) ва Британияи Кабир (132 млн доллар) дар зинаи поинтар қарор дорад.

Тибқи маълумоти омори расмӣ, соли 2020 ҳаҷми савдои дуҷонибаи Тоҷикистону Туркия 323 млн долларро ташкил додааст, ки 203 млн доллараш ба воридоти маҳсулот ва Туркия ва 120 млн ба содироти маҳсулот аз Тоҷикистон рост меояд.

Гардиши молу маҳсулот байни ин кишварҳо дар соли гузашта қариб ба андозаи 15% коҳиш ёфт, ки сабабаш ба гумони ғолиб, ба пандемия рабт дорад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.