Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода расман иттилоъ додааст, ки то рӯзи 22-уми июн дар ин вилоят 45 нафар беморони коронавирус ва илтиҳоби шуш бистарӣ шудаанд. Ба гуфтаи ӯ аз ин шумора 37 нафар бо илтиҳоби шуш ва 8 нафар бар асари коронавирус дар беморхонаҳо бистарӣ ва зери назорати духтурон қарор доранд.
Бино ба гузориши телевизиони маҳаллии “СМ-1” дар Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода дар ин бора расман зимни таҷлил аз ҷашни “Ваҳдат”, ки рӯзи 23-уми июн дар “Кохи Рӯдакӣ” доир шуд иттилоъ додааст. Ӯ аз фаъолону, роҳбарони сохторҳои гуногун даъват кардааст бо мардум корбарӣ кунанд, чораҳои беҳдоштиву поксозиро тақвият бахшанд ва ба воҳима дода нашаванд.
“Дар хонаҳо низ беморон ҳастанд, мо хона ба хона гашта дар сурати муайян шудани беморӣ тез ба хонаи алоҳида ҷой кунем, имрӯз боду ҳаво ҳам хуб аст. Мо шароитҳоро фароҳам овардем ва бояд бо мардум бошем. Ба хусус калонсолон худатонро эҳтиёт кунед”.
Ба таъкиди раиси Суғд мутахассисони соҳаи тандурустӣ дар мубориза бо бемории ҳамагир басанда ҳастанд ва ҳудуди 800 нафар корманди идораи беҳдоштиро ба корҳои поксозию тарғиботӣ пурра сафарбар кардаанд. Дар назар аст ба вилояти Суғд 100 ҳазор воя ваксина ворид шавад ва кормандони тиб, соҳаи маориф, ниҳодҳое, ки бевосита дар робитаи зич бо мардум кор мекунанд ва сокинони аз 60-сола боло эм карда шаванд.
Вазорати тандурустии Тоҷикистон ахиран рӯзи 21-уми июн эълон кард, ки дар Тоҷикистон дигарбора коронавирус ба қайд гирифта шудааст. Дар се рӯзи гузашта санаи 21-уми июн 17 нафар, 22-уми июн 15 нафар ва 23-уми июн 18 нафар дар умум давоми се рӯз 50 нафар ба COVID-19 ба қайд гирифта шудааст. Дар умум шумори беморони коронавирус дар Тоҷикистон ба 13358 нафар расид.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.


