Дар Бохтар ҳуқуқҳои меҳнатии кормандонро ба баҳс кашиданд

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Имрӯз дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, дар Кумиати Иттифоқҳои касабаи вилоятӣ масъалаи ҳимояи ҳуқуқи инсон дар чорчӯбаи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ба баҳс кашида шуд.

Дар ин нишаст, ки бо ҳузури раҳбарони кумитаҳои иттифоқҳои касабаи бархе ширкату корхонаҳои ин вилоят доир шуд, зикр шуд, ки ин як нишасти иттилоотӣ аст, ки масъулони иттифоқҳои касаби вилоят донишҳои худро дар бахши ҳуқуқи меҳнатии кормандон такмил медиҳанд.

Ин нишаст, ки аз сӯйи созмони “Дунёи ҳуқуқ” дар ҳамкорӣ  дар доираи тарҳи вижае, ки аз сӯйи Институти Ҷамъияти Кушода роҳандозӣ шудааст, ки дар сар то сари Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар бахши муқаддимавии ин нишаст раиси Шӯрои иттифоқҳои касбатаи вилояти Хатлон Абдурозиқ Розиқзода ва раиси созмони “Дунёи ҳуқуқ” Гулчеҳра Холматова бо таъкид бар зарурати ин гуна нишастҳо, зикр карданд, ки вақтҳои охир баҳсҳои зиёде дар муносибатҳои меҳантии кормандон ба вуҷуд меояд, ки ҳатто то марҳилаҳои додгоҳӣ мерасанд.

Алӣ Саидзода сардори шуъбаи ҳуқуқи Федератсияи Иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар нишаст, ки дар бораи санадҳои меъёрию ҳуқуқии кишвар ва байналминалӣ дар бахши ҳуқуқҳои меҳнатӣ суханронӣ мекард, ки гуфт дар бахши риояи ҳуқуқҳои меҳнатии кормандон дар Тоҷикистон  мушкилоти фаровоне вуҷуд дорад ва кумитаҳои иттифоқҳои касаба бояд барои ҳимояи онҳо фаъолтар бошанд.

Дар ин баҳсҳо ҳамчунин мавзуъҳои ба кор пазируфтану барканор кардани кормандон, пардохти рухсатиҳои беморӣ, варақаҳои корношоямӣ ва фиристодани кормандон ба истироҳату табобат баҳсҳои доғеро ба бор овард. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.