Дар Бохтар ҳуқуқҳои меҳнатии кормандонро ба баҳс кашиданд

Имрӯз дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, дар Кумиати Иттифоқҳои касабаи вилоятӣ масъалаи ҳимояи ҳуқуқи инсон дар чорчӯбаи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ба баҳс кашида шуд. Дар ин нишаст, ки бо ҳузури раҳбарони кумитаҳои иттифоқҳои касабаи бархе ширкату корхонаҳои ин вилоят доир шуд, зикр шуд, ки ин як нишасти иттилоотӣ аст, ки масъулони иттифоқҳои касаби вилоят донишҳои худро […]

Сайраҳмон Назриев, Asia-Plus

Имрӯз дар шаҳри Бохтари вилояти Хатлон, дар Кумиати Иттифоқҳои касабаи вилоятӣ масъалаи ҳимояи ҳуқуқи инсон дар чорчӯбаи ҳуқуқҳои меҳнатӣ ба баҳс кашида шуд.

Дар ин нишаст, ки бо ҳузури раҳбарони кумитаҳои иттифоқҳои касабаи бархе ширкату корхонаҳои ин вилоят доир шуд, зикр шуд, ки ин як нишасти иттилоотӣ аст, ки масъулони иттифоқҳои касаби вилоят донишҳои худро дар бахши ҳуқуқи меҳнатии кормандон такмил медиҳанд.

Ин нишаст, ки аз сӯйи созмони “Дунёи ҳуқуқ” дар ҳамкорӣ  дар доираи тарҳи вижае, ки аз сӯйи Институти Ҷамъияти Кушода роҳандозӣ шудааст, ки дар сар то сари Тоҷикистон баргузор мешавад.

Дар бахши муқаддимавии ин нишаст раиси Шӯрои иттифоқҳои касбатаи вилояти Хатлон Абдурозиқ Розиқзода ва раиси созмони “Дунёи ҳуқуқ” Гулчеҳра Холматова бо таъкид бар зарурати ин гуна нишастҳо, зикр карданд, ки вақтҳои охир баҳсҳои зиёде дар муносибатҳои меҳантии кормандон ба вуҷуд меояд, ки ҳатто то марҳилаҳои додгоҳӣ мерасанд.

Алӣ Саидзода сардори шуъбаи ҳуқуқи Федератсияи Иттифоқҳои касабаи Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар нишаст, ки дар бораи санадҳои меъёрию ҳуқуқии кишвар ва байналминалӣ дар бахши ҳуқуқҳои меҳнатӣ суханронӣ мекард, ки гуфт дар бахши риояи ҳуқуқҳои меҳнатии кормандон дар Тоҷикистон  мушкилоти фаровоне вуҷуд дорад ва кумитаҳои иттифоқҳои касаба бояд барои ҳимояи онҳо фаъолтар бошанд.

Дар ин баҳсҳо ҳамчунин мавзуъҳои ба кор пазируфтану барканор кардани кормандон, пардохти рухсатиҳои беморӣ, варақаҳои корношоямӣ ва фиристодани кормандон ба истироҳату табобат баҳсҳои доғеро ба бор овард. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.