Нахустнамоиши мустанади “Дарахти дӯстӣ” сурат нагирифт: 2500 сомонӣ насупурдааст

Мазҳаб Ҷумъа, Asia-Plus

 Муассисаи “Тоҷикфилм” нахустнамоиши филми мустанади “Дарахти дӯстӣ”, ки мебоист соати 18.00 имрӯз дар кинотеатри “Зебуниссо”-и Душанбе баргузор мешуд, иҷоза надод.

Ду соат пеш аз нахустнамоиши он, коргардони филм Дилошӯб Орифзода бо пахши эълони расмӣ гуфт, нахустнамоиши он баргузор намешавад.

Ӯ дар изҳороти худ далели инро сабти ном нашудан ва пардохт накардани 2500 сомонӣ барои қайди давлатии филм гуфт.

“Ҳар филме, ки истеҳсол мешавад, бояд бо харҷӣ 2500 сомонӣ сабти ном шавад. Аз ин рӯ маблағи зарурӣ пайдо карда нашуд ва намоиши филм ба вақти номаълум ба таъхир гузошта шуд. Аз ҳама азизон пӯзиш металабам”,-навиштааст Орифзода.

Коргардони филм ба “Азия плюс” гуфт, ки аз ин талабот барои филми мустанад, ки пеш аз намоиш бояд аз қайди давлатии “Тоҷикфилм” гузарад, хабар надошт ва аз ин рӯ вақте эълони нахустнамоишро пахш кардаанд, онҳоро даъват карда гуфтанд, ки “филмро дар қайди давлатӣ нагузаронидед ва ҳаққӣ намоишро надоред”.

Ба гуфтаи ӯ, чунин талаботро қонуни “Дар бораи кино” низ муқаррар кардааст ва тибқи он ҳар чизе ки истеҳсол мешавад, бояд ҳатман аз қайди давлатӣ дар “Тоҷикфилм” гузарад.

– Аз Сарраёсати “Тоҷикфилм” гуфтанд, ки бояд филмро сабти ном кунем. Ин як шиносномаи филм аст. Яъне чунин филм фалон сол ба навор гирифта шуд, номаш фалон ва рӯзи нахустнамошиаш фалон рӯз аст. Ман аз ин таҷриба огоҳ будам, ки филмҳои ҳунарриро ҳатман бояд, аз қайд гузаронем, вале дар бораи он ки филми мустанадро ҳам бояд дар қайди давлатии “Тоҷикфилм” гузарем хабар надоштам”,-мегӯяд Орифзода.

Ӯ гуфт, ҳарчанд маблағи сабти номи давлатии филм зиёд аст, онҳо имкон доранд пардохт кунанд, вале ҳуҷҷатгузориву корҳои идорӣ имкон надод, ки онҳо дар фурсати кам онро ба итмом расонанду филмро дар фурсати ваъдашуда намоиш медоданд.

Толиб Раҳматуллоев, муовини директори "Тоҷикфилм" ҳам иҷоза надоштани мустанади “Дарахти дӯстӣ”-ро тасдиқ кард ва гуфт, ҳар филме, ки дар кишвар истеҳсол мешавад бояд аввал аз Шӯрои бадеии ҳайати мушовара гузашта, қарори онро гирад ва баъд аз қайди давлатӣ  гузарад.

“Вале филми мустанади “Дарахти дӯстӣ” ҳеч кадоме аз ин талаботро иҷро накардааст ва ин ҳуҷҷатҳоро надорад”,-мегӯяд Раҳматулллоев.

Аммо Далери Имомалӣ коргардон ва мустанадсози ҷавони тоҷик мегӯяд, ки инҳо як корҳои бюрократиян ва пеши рушди бе ин ҳам вазъи ногувори филмсозиро дар кишвар мегиранд.

“Ин як бюрократияи нолозим аст. Диданд, ки аз ҳисоби лоиҳаҳои хориҷӣ сохаи филмҳои мустанад рушд карда истодааст, инро ҷорӣ карданд То ин вақт бахши филмсозии мустанад бесоҳиб буд”.

Далери Имомалӣ мегӯяд, ин шартгузориҳои зиёд дар ҳолест, ки “худи “Тоҷикфилм” дар як сол 4 филми мустанад сохта наметавонад ва агр ҳам месозад филмҳои расмӣ дар мавриди “Наврӯз”, “Роғун”, Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой ва ғайра, ки мавзуъҳои такроранд”.

Вале Толиб Раҳматуллоев мегӯяд, ки чунин талабот барои филмҳои мустанад дар асоси Оинномаи “Тоҷикфилм” аз соли 2017 амал мекунад.

Ҳамчунин Раҳматуллоев дар мавриди гаронии нархи сабти номи филмҳои мустанад изҳори бехабарӣ кард ва гуфт, ки ба ин кор Сарраёсати “Тоҷикфилм” машғул аст.

– Ҳар маводи аудиовизалие, ки дар Тоҷикистон истеҳсол мешвавад, бояд аз қайди давлатӣ гузарад. Ҳаҷми маблағ ҳам бо Агентии зиддиинҳисорӣ мувофиқа шудааст ва онҳо ҳамаи ҳуҷҷатҳои заруриро доранд, мушкиле нест,-гуфт Т. Раҳматуллоев.

Ин филми мустанади тоҷикӣ, ба гуфтаи коргардонаш аз зиндагии ду хонаводаи одии тоҷику қирғиз қисса мекунад ва ахиран дар пасманзари ҳаводиси даргириҳои мусаллаҳонаи Тоҷикистону Қирғизистон бояд намоиш дода шавад.

Орифзода мегӯяд, ҳадафи филм нишон додани зиндагии ду оилаи қирғизу тоҷик ва соҳибэҳтиром будани сарварони ин оилаҳо дар байни ду миллат ва дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарфаҳмӣ зиндагӣ намудани мардуми оддӣ аст. Ӯ гуфт, ду қаҳрамони филм – яке қирғизи тоҷикистонӣ ва дигаре тоҷики қирғизистонӣ дар лаҳзаҳои ҳассоси муноқишаҳои марзӣ ранҷ мекашанд ва хосторӣ ҳарчӣ зудтар хотима ёфтани муноқишаҳо байни Тоҷикистон ва Қирғизистон мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.