Мақомоти маҳаллии Суғд: “14 зани боздоштшуда дар Қирғизистон” шаҳрвандони мо нестанд

Ҳукуматҳои ноҳияи Ҷаббор Расулову Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд боздошти гурӯҳе аз занони гӯё сокинони Тоҷикистонро дар марзи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон таҳқиқ карда гуфтанд онҳо сокинони ин ноҳия нестанд. Мақомот мегӯяд, гурӯҳи корӣ ба деҳаҳои марзӣ рафт аксу навори занонро ба сокинон нишон дод, вале чунин сокинро пайдо накарданд. Ин дар ҳолест, ки “Спутник Тоҷикистон” дар […]

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Ҳукуматҳои ноҳияи Ҷаббор Расулову Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд боздошти гурӯҳе аз занони гӯё сокинони Тоҷикистонро дар марзи ноҳияи Лайлаки Қирғизистон таҳқиқ карда гуфтанд онҳо сокинони ин ноҳия нестанд. Мақомот мегӯяд, гурӯҳи корӣ ба деҳаҳои марзӣ рафт аксу навори занонро ба сокинон нишон дод, вале чунин сокинро пайдо накарданд.

Ин дар ҳолест, ки “Спутник Тоҷикистон” дар як матлабаш ин занҳоро сокинони ноҳияи Ҷаббор Расулов гуфтааст ва навиштааст, ки онҳоро ба ин ноҳия баргардониданд.

Аммо Зумрад Муталибзода, муовини раиси ноҳияи Ҷаббор Расулов дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, баъди аз сӯйи расонаҳои қирғиз нашр шудани хабари боздошти гурӯҳи занон  гӯё  тоҷик, гурӯҳи корӣ созмон доданданд ва муайян карданд, ки инҳо сокинони ин ноҳия нестанд.

Ӯ гуфт гуруҳ дар даст аксу навор ба деҳаҳои Маданияти ҷамоати Гулхона,  Зарафшони ҷамоати Сомониён ва Қӯрғончаи Ҳаёти нав, ки бо ноҳияи Лайлаки Қирғизистон ҳамамарзанд рафтанд. Бо сокинони деҳа мулоқот карданд, аксу наворро нишон додаанд, вале касе ин гурӯҳи занони коргари боздоштшударо нашинохтааст.

 «Нисбат ба ин масъала мо кор бурда кардем чунин занҳоро дарёфт накардем. Дар ба дар, хона ба хона, маҳалла ба маҳалла даромадем. Он занҳое, ки бо корҳои мавсимӣ машғуланду дар саҳро кор мекунанд бо ҳамаи онҳо сӯҳбат гузаронидем, дар дастамон навор, расмҳо буд ҳамаи онро нишон додем. Мо дарёфт карда натавонистем ва ин занҳо аз ноҳияи Ҷаббор Расулов нестанд”,-гуфт ӯ.

Хабаргузории қирғизии 24.kg рӯзи 24-уми июн бо интишори чанд аксу навор иттилоъ дод, ки ихтиёриёни қирғиз гурӯҳи занони тоҷикро, ки барои кор марзро ғайриқонунӣ убур карда ба тарафи деҳаи “Оқ-Ариқ”-и ноҳияи Лайлак меомаданд, боздошт кардаанд. Ин деҳа бо чанд деҳаи ноҳияи Ҷаббор Расулов ҳаммарз аст ва ба навиштаи хабаргузорӣ гурӯҳи занонро, ки шаҳрванди Тоҷикистон зикр мешаванд, як сокини Лайлак бо мошини “Портер” ба хотири кор дар заминҳои Кулунду овард ва боздошт шуданд.  

Аммо аз ду ноҳияи ҳаммарзи вилояти Суғд бо деҳаи “Ақ-Ариқ”-и ноҳияи Лайлак мегӯянд, ягон сокинро дарёфт накарданд, ки марзро убур карда бошад ва ё аз суйи қирғизҳо боздошт шуда бошанд.

Аз ҷамоатҳои Хистеварз ва Овчӣ-Қалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки бо чанд деҳаи ноҳияи Лайлак ҳаммарз аст гуфтанд, он занон сокинони ин ноҳия  набудаанд. Баъди расонаӣ шудани боздошти гурӯҳе аз занони коргар, ки расонаҳои қирғизӣ аз онҳо шаҳрвандони Тоҷикистон ном мебаранд дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров низ гурӯҳи таҳқиқгаре созмон додаанд.

Як масъули баландпояи ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, ки нахост номаш зикр шавад гуфт, онҳо бо ниҳодҳои қудратӣ дар деҳаҳои марзии ноҳия чунин занонро ҷустанд, вале пайдо накарданд ва касе аз сокинон  низ дар мавриди боздошт ба мақомот муроҷиат накардаанд.

“Ин хабарро ҳамаи мақомотҳои мо санҷиданд ва мегӯянд хабари бардурӯғ аст. Дидаву дониста мардум ба марзи Қирғизистон намегузарад. Рӯйи ҳамаи занон дар навор хира аст, ягон нафари онҳоро нашинохтем ва ин навори сохтаи онҳо аст. Ин наворро ман худам ва чанд ҷойи дигар низ санҷид. Суратро бинед онҳо ба шаҳрвандони мо монанд нестанд”.

Ин масъули ҳукумати ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯяд, шахсан худаш бо марзбонони тоҷик хабарро таҳқиқ кардааст ва аз сокинони ин ноҳия будани занон тасдиқ нашудааст. Мақомоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров мегӯянд, солҳои пеш, марзҳо бозу ором буд занон барои кор ба заминҳои кишоварзии ноҳияи Лайлак мерафтанд. Вале имсол марз баста аст ва сокинонро низ огаҳ кардаанд, ки ба он тарафи марз нараванд.

Дар дафтари матбуоти Неруҳои марзбонии КДАМ Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” гуфтанд, ки ҳоло ин хабарро таҳқиқ мекунанд ва дар сурати пайдо шудани маълумот онро дар хабаргузории давлатии “Ховар” нашр мекунанд, ки расонаҳои дигар метавонанд аз он ҷо бигиранд. 

Ҳарчанд аксари расонаҳои қирғиз хабари боздошти ин занҳои гӯё сокини Тоҷикистонро нашр кардаанд, вале нагуфтаанд, ки ин занҳо сокинони кадом ноҳияи вилояти Суғди Тоҷикистон мебошанд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.