Болоравӣ: Имрӯз 21 ҳолати нави гирифторшавӣ ба коронавирус дар Тоҷикистон ошкор шудааст.

Дар 24 соати ахир дар Тоҷикистон ҳамагӣ 21 ҳолати нави сироят ёфтан ба бемории каронавируси COVID 19 ошкор шудааст. Ин маълумотро Вазорати тандурустӣ нашр кардааст.  Ба иттилои Вазорат аз шумораи умумии гирифторон 14 нафар дар хуруҷи дубораи каронавирус дар Тоҷикистон табобат шудаву ба хонаҳояшон баргаштанд.  Ин ҳам дар ҳолест, ки сар аз имрӯз дар Тоҷикистон маъракаи […]

Asia-Plus

Дар 24 соати ахир дар Тоҷикистон ҳамагӣ 21 ҳолати нави сироят ёфтан ба бемории каронавируси COVID 19 ошкор шудааст. Ин маълумотро Вазорати тандурустӣ нашр кардааст. 

Ба иттилои Вазорат аз шумораи умумии гирифторон 14 нафар дар хуруҷи дубораи каронавирус дар Тоҷикистон табобат шудаву ба хонаҳояшон баргаштанд. 

Ин ҳам дар ҳолест, ки сар аз имрӯз дар Тоҷикистон маъракаи воксинзанӣ ба таври густарда  оғоз шуд. Аз ҷумла, Вазорати тандурустӣ хабар дод, ки тамоми сокинони аз 18-сола болои шаҳри Душанбе воксин зада мешаванд. Ба ҷуз ин гуруҳҳои сайёри воксинзанҳо ташкил шуда, бархе сокинонро дар хонаҳояшон низ воксин мезананд.

Ҳамчунин сар аз имрӯз дар масоҷиди шаҳри Душанбе ҳам воксинзании намозгузоронро оғоз карданд ва дар назди масҷидҳо гуруҳҳои сайёрро барои воксин задани намозгузорон эъзом карданд. 

Дар маҷмӯъ, бино ба иттилои Вазорати тандурустӣ, аз аввали бақайдгирӣ то имрӯз, 25 июн  дар кишвар 13392 нафар гирифторони сирояти коронавируси нави COVID-19 ба қайд гирифта  шуда, аз ин шумора то санаи зикргардида 13243 нафар (98,9%) шифо ёфтаанд. Ҳамзамон, бар асари бемории мазкур 90 нафар фавтидаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Акика Алиф

Ахбори тоза

Марҳилаи дуюми Барномаи рушди нақлиёти барқӣ дар Тоҷикистон тасдиқ шуд. Дар он чӣ гуфта шудааст?

Аз ҷумла дар барнома зикр шудааст, ки дар се сол беш аз 200 автобуси барқӣ истеҳсол мешавад.

Тоҷикистону Қазоқистон дар бахши кишоварзӣ Харитаи роҳ ба имзо мерасонанд

Соли 2025 ҳаҷми гардиши молу маҳсулот дар соҳаи кишоварзӣ байни ду кишвар ба 595 млн доллар расидааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 86

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 майи соли 2026

Аз таъсиси боғи ботаникии Помир то даргузашти Баҳриддин Камолиддинов ва Рӯзи ҷаҳонии парандаҳои муҳоҷир.