Ҷаласаи серӯзаи “Толибон” дар Қандаҳор бо роҳбарии Ҳайбатуллоҳ Охунзода: давлат ташкил карда мешавад?

Asia-Plus

Шӯрои раҳбарии "Толибон" таҳти раёсати Мулло Ҳайбатуллоҳ Охунзода дар Қандаҳор як ҷаласаи серӯза баргузор кардаанд. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи Толибон дар Твиттер навиштааст, ки ин ҷаласаи серӯза аз рӯзи шанбе оғоз шуда то шаби гузашта давом кардааст.

Муҷоҳид навиштааст, ки масоили ҷории сиёсӣ, амниятӣ ва иҷтимоӣ аз масоили мавриди баҳси шӯрои раҳбарии Толибон будааст ва тасмимҳое ҳам гирифта шудааст.

Ҳарчанд то кунун ҷузъиёти бештар аз ин ҷаласаи шӯрои раҳбарии "Толибон" расонаӣ нашудааст, аммо сухангӯйи гурӯҳ навиштааст, ки дар мавриди "эҷоди низоми ҷадиди исломӣ" дар кишвар ва зарурати машваратҳо низ тасмимҳое гирифта шудааст.

Баъди ин ҷаласа Мулло Ғанӣ Бародар, аз раҳбарони сиёсии Толибон озими Кобул шудааст ва интизор меравад, ки ҷузъиёти ҷаласаи Қандаҳорро дар мавриди ташкили давлат ва кобинаи ҳукумат расонаӣ кунад. 

Шабакаи "Ал-ҷазира"-и Қатар бо такя ба як манбаъи Толибон хабар додааст, ки ройзаниҳо барои ташкили давлати нав дар Афғонистон поён ёфта ва натиҷаи он ба зудӣ эълон мешавад.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.