Ҷаласаи серӯзаи “Толибон” дар Қандаҳор бо роҳбарии Ҳайбатуллоҳ Охунзода: давлат ташкил карда мешавад?

Шӯрои раҳбарии "Толибон" таҳти раёсати Мулло Ҳайбатуллоҳ Охунзода дар Қандаҳор як ҷаласаи серӯза баргузор кардаанд. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи Толибон дар Твиттер навиштааст, ки ин ҷаласаи серӯза аз рӯзи шанбе оғоз шуда то шаби гузашта давом кардааст. Муҷоҳид навиштааст, ки масоили ҷории сиёсӣ, амниятӣ ва иҷтимоӣ аз масоили мавриди баҳси шӯрои раҳбарии Толибон будааст ва тасмимҳое […]

Шӯрои раҳбарии "Толибон" таҳти раёсати Мулло Ҳайбатуллоҳ Охунзода дар Қандаҳор як ҷаласаи серӯза баргузор кардаанд. Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯйи Толибон дар Твиттер навиштааст, ки ин ҷаласаи серӯза аз рӯзи шанбе оғоз шуда то шаби гузашта давом кардааст.

Муҷоҳид навиштааст, ки масоили ҷории сиёсӣ, амниятӣ ва иҷтимоӣ аз масоили мавриди баҳси шӯрои раҳбарии Толибон будааст ва тасмимҳое ҳам гирифта шудааст.

Ҳарчанд то кунун ҷузъиёти бештар аз ин ҷаласаи шӯрои раҳбарии "Толибон" расонаӣ нашудааст, аммо сухангӯйи гурӯҳ навиштааст, ки дар мавриди "эҷоди низоми ҷадиди исломӣ" дар кишвар ва зарурати машваратҳо низ тасмимҳое гирифта шудааст.

Баъди ин ҷаласа Мулло Ғанӣ Бародар, аз раҳбарони сиёсии Толибон озими Кобул шудааст ва интизор меравад, ки ҷузъиёти ҷаласаи Қандаҳорро дар мавриди ташкили давлат ва кобинаи ҳукумат расонаӣ кунад. 

Шабакаи "Ал-ҷазира"-и Қатар бо такя ба як манбаъи Толибон хабар додааст, ки ройзаниҳо барои ташкили давлати нав дар Афғонистон поён ёфта ва натиҷаи он ба зудӣ эълон мешавад.

Ҳар он чи дар Афғонистон рух медиҳад, метавонед мустақиман дар сужаи мо –  "Афғонистон" бихонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.