Мусодираи ҳудуди 500 кило маводи мухаддир ва 6 млн доллар дар Душанбе

Asia-Plus

Фаъолияти пинҳонии як гурӯҳи муташаккили нашъаҷаллоби фаромиллӣ дар ҳудуди шаҳри Душанбе қатъ карда шуд.

Тавре маркази матбуоти Раёсати ВКД ҶТ дар шаҳри Душанбе хабар медиҳад, созмондиҳандаи гуруҳ сокини 46-солаи маҳаллаи Зарафшони пойтахт Азизулло Абдуллоев мебошад, ки қаблан дар Русия барои даст доштан дар қаллобӣ ва гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар маҳкум шудааст.

Ба гуруҳи муташаккили ҷиноятпеша инчунин донишҷӯйи 23-сола аз Душанбе Сиёвуш Содиқов, зодаи 37-солаи Ванҷ Сорбон Сабзқадамов, сокини 37-солаи пойтахт Шамсулло Саидшарипов, омӯзгори 57-сола аз ноҳияи Рӯдакӣ Бӯрон Саматов, ҳамдиёри 35-солаи ӯ Мурод Хӯҷаев ва шаҳрванди 48-солаи Ӯзбекистон Азамат Тӯлаганов низ шомил будаанд.

Дар хабар зикр мегардад, ки боздоштшудагон муддати тӯлонӣ ба қочоқи маводи нашъаовар аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва минбаъд ба кишварҳои ИДМ ва Аврупо машғул будаанд.

Дар ҷараёни амалиёти махсус аз афроди дар боло зикршуда ҳудуди 500 кило маводи нашъаовари арзишаш 6 млн доллар мусодира шудааст. Аз онҳо инчунин 6 мошини гаронбаҳои хориҷии нархи умумиашон 1 млн 784 ҳазор сомонӣ, хонаву бӯстонсароҳо бо арзиши умумии зиёда аз 50 млн сомонӣ низ мусодира гардидааст.

Гуфта мешавад, нисбат ба боздоштшудагон бо моддаҳои 200 (гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ба миқдори ниҳоят зиёд), 289 (қочоқ) ва 262 (ба расмият даровардани (қонунӣ гардонидани)  маблағҳои пулӣ  ё  молу мулки дигари ғайриқонунӣ ба  даст  овардашуда)-и Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон парвандаҳои ҷиноятӣ боз шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...