Президенти Туркия раиси палатаи поёнии парлумони Тоҷикистонро ба ҳузур пазируфт

Дар доираи сафари кории  раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ба Ҷумҳурии Туркия 13 октябр ӯро президенти ин кишвар Реҷеп Тайип Эрдуғон ба ҳузур пазируфт. Бино ба иттилои маркази матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи муносибатҳои дӯстона байни кишварҳо табодули назар намуда, масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои иқтисоду фарҳанг, маориф […]

Asia-Plus

Дар доираи сафари кории  раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ба Ҷумҳурии Туркия 13 октябр ӯро президенти ин кишвар Реҷеп Тайип Эрдуғон ба ҳузур пазируфт.

Бино ба иттилои маркази матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, зимни мулоқот ҷонибҳо атрофи муносибатҳои дӯстона байни кишварҳо табодули назар намуда, масоили ҳамкориҳои дуҷонибаро дар соҳаҳои иқтисоду фарҳанг, маориф ва тандурустӣ баррасӣ карданд.

Маҳмадтоир Зокирзода дар Анқара инчунин бо вазири корҳои хориҷии Туркия Мавлуд Човушоғлу дидору гуфтушунид карда, саҳми ӯро дар густариши муносибатҳои дуҷонибаи кишварҳо арзанда арзёбӣ намуд.

Ӯ изҳор дошт, ки имрӯз барои густариши ҳамкориҳои дуҷонибаи ҳар ду кишвар дар бисёр самтҳо тамоми шароит муҳайё аст.

“Мо ҷонибдори рушди минбаъдаи ҳамкориҳои мутақобилан судманд, тавсеаи шарикии дарозмуддат (то андозае стратегӣ) бо кишвари дӯст ва бародари Туркия мебошем. Ин ҳадаф аз самтҳои авлавиятноки сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дар консепсияи сиёсати хориҷии кишвари мо таъкид гардидааст”, – гуфт Маҳмадтоир Зокирзода.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Иди Қурбон муборак, ҳамдиёрони гиромӣ!

Табрикоти Гурӯҳи расонаҳои "Азия-Плюс" ба муносибати Иди Қурбон.

Ҷаримаи қариб 30 фурӯшанда бо гумони гарон кардани нархи маҳсулот

Қаблан пулиси Душанбе ба соҳибкорон ҳушдор дода буд, ки нархи маҳсулотро баланд накунанд.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 1

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.