Бозгашти хадамоти почтаи DHL ба бозори Тоҷикистон

Asia-Plus

Хадамоти байнулмилалии почтаи DHL фаъолияти худро дар Тоҷикистон барқарор кард.

Пас аз танаффуси тӯлонӣ DHL ба Тоҷикистон баргашт, то ки ба фаъолияти хидматрасонии почта ва боррасонӣ (курйерӣ) идома бахшад. Ширкат аз 1 августи соли равон ба кор оғоз намуд.

Ширкати интиқоли экспресс DHL ҳамчун пешсаф дар бозори байналмилалии хидматрасонии почта маълум аст. Хидматрасонии босифат, мӯҳлатҳои кӯтоҳи интиқол (расонидан) ва нархҳои ҷолиб боиси эътимод ва эътирофи натанҳо муштариёни тоҷик, балки хориҷӣ низ гаштааст.

Имрӯз ширкат хизматрасониҳои эксперс – расониданро ба 99% кишварҳои ҷаҳон анҷом медиҳад.

Мӯҳлати расонидан ба маҳалли ҷойгиршавии кишвари қабулкунанда вобаста аст, мутаносибан аз ин рӯ, ҳар қадаре ки кишвар дуртар бошад, вақти интиқоли бор ҳамон қадар дарозтар мешавад.

Ба ҳисоби миёна, интиқоли экспресс 3-7 рӯзи кориро дар бар мегирад.

Нархҳои интиқол барои шиносоӣ ба зудӣ дар сомонаи расмии ширкати DHL нашр хоҳанд шуд.

Илова бар ин, дар сомона инчунин дар бораи таърифаҳо (тарифҳо)-и гуногун барои интиқоли ҳуҷҷату баста ва бор маълумот нашр хоҳад шуд.

Барои осон шудани ҷустуҷӯ, DHL ба ҳар як муштарӣ мувофиқи бастаи онҳо трек-рамз (код) медиҳад. Ба ин тариқ, корбарон метавонанд шахсан ҷараёни ҳаракат ва марҳилаҳои интиқоли бори фиристодаи худро мушоҳида кунанд.

Фармоишгарон ҷараёни расонидани бори фиристодаи худро дар сомонаи расмии DHL (https://www.dhl.com/global-en/home.html) низ пайгирӣ карда метавонанд.

Метавон ба суроғаи зерин: кӯчаи Бухоро 47 (рӯ ба рӯи мактаби №1) ё бо рақами телефонҳои +992 37 227 85 60, +992 11 100 07 77 низ муроҷиат намуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...