Бозгашти хадамоти почтаи DHL ба бозори Тоҷикистон

Хадамоти байнулмилалии почтаи DHL фаъолияти худро дар Тоҷикистон барқарор кард. Пас аз танаффуси тӯлонӣ DHL ба Тоҷикистон баргашт, то ки ба фаъолияти хидматрасонии почта ва боррасонӣ (курйерӣ) идома бахшад. Ширкат аз 1 августи соли равон ба кор оғоз намуд. Ширкати интиқоли экспресс DHL ҳамчун пешсаф дар бозори байналмилалии хидматрасонии почта маълум аст. Хидматрасонии босифат, мӯҳлатҳои […]

Хадамоти байнулмилалии почтаи DHL фаъолияти худро дар Тоҷикистон барқарор кард.

Пас аз танаффуси тӯлонӣ DHL ба Тоҷикистон баргашт, то ки ба фаъолияти хидматрасонии почта ва боррасонӣ (курйерӣ) идома бахшад. Ширкат аз 1 августи соли равон ба кор оғоз намуд.

Ширкати интиқоли экспресс DHL ҳамчун пешсаф дар бозори байналмилалии хидматрасонии почта маълум аст. Хидматрасонии босифат, мӯҳлатҳои кӯтоҳи интиқол (расонидан) ва нархҳои ҷолиб боиси эътимод ва эътирофи натанҳо муштариёни тоҷик, балки хориҷӣ низ гаштааст.

Имрӯз ширкат хизматрасониҳои эксперс – расониданро ба 99% кишварҳои ҷаҳон анҷом медиҳад.

Мӯҳлати расонидан ба маҳалли ҷойгиршавии кишвари қабулкунанда вобаста аст, мутаносибан аз ин рӯ, ҳар қадаре ки кишвар дуртар бошад, вақти интиқоли бор ҳамон қадар дарозтар мешавад.

Ба ҳисоби миёна, интиқоли экспресс 3-7 рӯзи кориро дар бар мегирад.

Нархҳои интиқол барои шиносоӣ ба зудӣ дар сомонаи расмии ширкати DHL нашр хоҳанд шуд.

Илова бар ин, дар сомона инчунин дар бораи таърифаҳо (тарифҳо)-и гуногун барои интиқоли ҳуҷҷату баста ва бор маълумот нашр хоҳад шуд.

Барои осон шудани ҷустуҷӯ, DHL ба ҳар як муштарӣ мувофиқи бастаи онҳо трек-рамз (код) медиҳад. Ба ин тариқ, корбарон метавонанд шахсан ҷараёни ҳаракат ва марҳилаҳои интиқоли бори фиристодаи худро мушоҳида кунанд.

Фармоишгарон ҷараёни расонидани бори фиристодаи худро дар сомонаи расмии DHL (https://www.dhl.com/global-en/home.html) низ пайгирӣ карда метавонанд.

Метавон ба суроғаи зерин: кӯчаи Бухоро 47 (рӯ ба рӯи мактаби №1) ё бо рақами телефонҳои +992 37 227 85 60, +992 11 100 07 77 низ муроҷиат намуд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.