Эмомалӣ Раҳмон: “Захираҳои об рӯз ба рӯз маҳдуд мешаванд”

Asia-Plus

Иштирокчиёни мубоҳисаҳои мавзӯии сатҳи баланд дар Маҷмаи Умумии СММ рӯзи сешанбе, 26 октябр роҳу воситаҳои рафъи мушкилоти техникӣ ва молиявиро баҳри ноил гардидан ба дастовардҳо дар мубориза бо гармшавии иқлим баррасӣ намуданд.

Тавре хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад, президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии маҷозӣ (онлайн) дар ин музокиро изҳор намуд, ки Тоҷикистон, ки 93 фоизи масоҳати онро кӯҳҳо ташкил медиҳанд, бо чунин шароити мураккаби ҷуғрофӣ яке аз осебпазиртарин кишварҳои дунё дар раванди тағйирёбии иқлим ба шумор меравад.

“Пиряхҳои мо бошиддат об шуда, захираҳои об рӯз ба рӯз маҳдуд гардида истодаанд, селу обхезӣ, хушксолӣ ва дигар падидаҳои гидрометеорологӣ пай дар пай афзоиш ёфта, ҳамасола ба иқтисодиёти кишвар хисороти зиёд ворид менамоянд ва  ба ин васила ба саъю талошҳои мо ҷиҳати дастрасӣ  ба рушди устувор монеа эҷод мекунанд”, – иброз дошт ӯ.

– Бо истифода аз фурсат, мехоҳам пешниҳоди Тоҷикистонро оид ба эълон намудани соли 2025 ҳамчун “Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо” ва таъйини  санаи мушаххаси “Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо” бори дигар таъкид намоям.

Тоҷикистон аз ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати таъсис додани “Бунёди байналмилалии ҳифзи пиряхҳо”, ки дар доираи он мо тавонем муштаракан талошу захираҳоямонро ҷиҳати иқдомоти амалӣ барои ҳифзи пиряхҳо ҳамчун манбаи асосии оби соф сафарбар намоем,  борҳо даъват ба амал овардааст…

Дар ҳамин ҳол, сарвари давлат зикр кард, ки саҳми Тоҷикистон дар пешгирӣ аз раванди гармшавӣ мусбат арзёбӣ мегардад, зеро ҳиссаи Тоҷикистон дар ҳаҷми глобалии партовҳо дар сатҳи пасттарин қарор дошта, ҳамагӣ сифру аз даҳ ҳазор се (0,0003) фоизро ташкил медиҳад.

Бо вуҷуди ин, Тоҷикистон дар чорчӯбаи Созишномаи Париж ихтиёран уҳдадор гардид, ки ҳаҷми партови газҳои гулхонаиро аз 80-90 фоизи сатҳи соли 1990 зиёд накунад. Дар сурати мусоидати ҷомеаи ҷаҳонӣ ин рақам метавонад то 65-75 фоизи нишондиҳандаи ибтидоӣ коҳиш дода шавад”, – гуфт Эмомалӣ Раҳмон.

Ба гуфтаи ӯ, бо дарназардошти саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ҷиҳати дастрасӣ ба сатҳи сифрии партовҳои гулхонаӣ, Тоҷикистон ният дорад, ки иқтидорҳои худро оид ба истеҳсоли энергияи “сабз” то соли 2050 ду баробар афзоиш диҳад.

Зикр шуд, ки Тоҷикистон айни ҳол 98 фоизи қувваи барқи худро  аз нерӯгоҳҳои барқи обӣ истеҳсол карда, аз лиҳози фоизи тавлид ва истифодаи энергияи “сабз” дар ҷаҳон ҷойи шашумро ишғол менамояд.

Гуфта мешавад, ба қадри бунёди иншооти нави гидроэенргетикӣ, бахусус Нерӯгоҳи барқи обии “Роғун” бо иқтидори 3600 мегаватт, кишвари мо дар ин раддабандӣ ба ду зинаи дигар боло мебарояд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии Тоҷикистон (ICB) ва Федератсияи футболи Тоҷикистон шартномаи нави шарикии стратегиро ба имзо расониданд. Ин қадам...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...