Чин бо харҷи тақрибан 100 млн сомонӣ дар Тоҷикистон пойгоҳ месозад

Ҷумҳурии Мардумии Чин бо харҷи тақрибан 100 миллион сомонӣ (55 миллион юани чинӣ) дар дараи Вахони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон пойгоҳи махсус месозад. Лоиҳаи созишномаи бунёди он имрӯз, 27 октябр, дар парлумони Тоҷикистон қабул гардид. Пойгоҳи мазкур бар асоси созишнома миёни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин бунёд мешавад. “Дар доираи […]

Ҷумҳурии Мардумии Чин бо харҷи тақрибан 100 миллион сомонӣ (55 миллион юани чинӣ) дар дараи Вахони Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон пойгоҳи махсус месозад. Лоиҳаи созишномаи бунёди он имрӯз, 27 октябр, дар парлумони Тоҷикистон қабул гардид.

Пойгоҳи мазкур бар асоси созишнома миёни Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон ва Вазорати амнияти ҷамъиятии Чин бунёд мешавад.

“Дар доираи созишномаи ҳамкорӣ байни ду давлат Чин барои бунёди пойгоҳи дастаи милитсияи зудамали Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД дар дараи Вахони ноҳияи Ишкошими ВМКБ кӯмаки бебозгашт мекунад. Тибқи ин созишнома тамоми дастгоҳу таҷҳизоте, ки ҳангоми бунёди пойгоҳ аз Чин ба Тоҷикистон ворид карда мешаванд, аз андоз ва боҷи гумрукӣ озод мебошад”, – гуфт Абдураҳмон Аламшозода, муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон зимни муаррифии лоиҳаи мазкур.

Вакили Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон Толибхон Азимзода дар сӯҳбат бо журналистон гуфт пойгоҳ бо дархости ҳукумати Тоҷикистон ба Чин сохта мешавад.

“Пойгоҳ аз биноҳои корӣ ва дигар биноҳои маишӣ иборат буда, ба маблағи 55 миллион юани чинӣ, баробар ба тақрибан 100 миллион сомонӣ сохта мешавад”, – гуфт вакили парлумон.

Сохтмони пойгоҳи махсуси ВКД аз ҷониби Чин дар ҳолест, ки Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшони Тоҷикистон бо Афғонистон сарҳади бештар дорад. Ин кишвар ҳудуди се моҳ аст, ба дасти "Толибон" гузаштааст.

Ёдовар мешавем, ки соли 2019 рӯзномаи амрикоии "Вашингтон Пост" навишта буд, Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон чанд сол аст, ки як посгоҳи наздимарзӣ дорад, ҳарчанд ду кишвар ҳеч гоҳ онро расман эътироф накардаанд.

Дар гузориши мукаммали рӯзнома омадааст, "посгоҳи хоксорона дар наздикии гузаргоҳи Вахон дар Афғонистон ва дар қаламрави ноҳияи Мурғоб аст". Хабарнигори "Вашингтон Пост" навишта буд, ҳангоми сафараш ба марзи Тоҷикистону Афғонистон ин қароргоҳи низомии Чинро дид ва гурӯҳе аз неруҳои чиниро вохӯрд, ки дар бозори Мурғоб харид мекарданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.