Коҳиши вуруди сайёҳони хориҷӣ ба Тоҷикистон идома дорад

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Давоми моҳҳои январ-сентябри соли равон 183 ҳазор нафар, ки тибқи методологияи Созмони ҷаҳонии сайёҳӣ ҳамчун сайёҳ арзёбӣ мешаванд, аз Тоҷикистон боздид намудаанд.

Тибқи маълумоти Агентии омори ҷумҳурӣ, дар муқоиса бо ҳамин давраи соли 2020 вуруди сайёҳон ба андозаи 57,9% кам шудааст.

Дар зарфи 9 моҳи соли ҷорӣ шумори шаҳрвандони хориҷии аз Тоҷикистон боздидкарда бо ҳама гуна мақсад (кор, истироҳат ва ғайра) дар маҷмӯъ 344 ҳазор нафарро ташкил додааст, ки 3,2 % камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2020 аст.

Вуруди бештари шаҳрвандони хориҷӣ ба ҷумҳурӣ аз кишварҳои зерин ба қайд гирифта шудааст:

– Ӯзбекистон – 193,6 ҳаз.;

– Русия – 93,6 ҳаз.;

– Афғонистон – 14,2 ҳаз.;

– Қирғизистон – 5,5 ҳаз.;

– Қазоқистон – 9,6 ҳаз.;

– Туркия – 2,4 ҳаз.;

– Чин – 3,7 ҳаз.;

– ИМА – 2,4 ҳаз.;

– Эрон – 1,8 ҳаз.

Ёдрас мекунем, ки соли гузашта 350 ҳазор шаҳрвандони хориҷӣ ба Тоҷикистон омаданд, ки 72% камтар нисбат ба соли 2019 мебошад.

Ҳукумат афзоиши панҷкаратаро умедвор аст

Ҳукумати Тоҷикистон бо дастгирии мададрасонони байнулмилалӣ панҷ баробар зиёд кардани ҳиссаи бахши сайёҳиро ба нақша гирифтааст.

Тибқи маълумоти Кумитаи рушди сайёҳӣ, то охири даҳсолаи ҷорӣ то 5% афзоиши вазни қиёсии ҳамаи бахши сайёҳӣ дар сохтори ММД-и кишвар дар назар аст. Соли 2020 ин нишондиҳанда ҳудуди 1% ва то пандемия – тақрибан 2%-ро ташкил дода буд.

Сабаби асосии коҳиши дукаратаи саҳми бахши сайёҳиро ба иқтисоди кишвар дар Кумита ба пандемия ва маҳдудияти марбут ба он вобаста медонанд.

Ба сифати боз як монеъа дар роҳи рушди сайёҳӣ дар кишвар ба вазъи ноустувори сиёсӣ дар Афғонистон ишора мешавад, ки Тоҷикистон бо ин кишвар зиёда аз 1,4 ҳазор киломтер сарҳади умумӣ дорад.

Дар баробари соҳаҳои гидроэнергетика ва саноати кӯҳкорӣ, сайёҳӣ яке аз се бахши бештар ояндадори иқтисоди Тоҷикистон шуморида мешавад.

Мутахассисон бар ин назаранд, ки ҷумҳурӣ дар самтҳои зиркшуда аз имконияти зиёд бархӯрдор буда, ҳатто қисман истифодаи ин имконот, ба такони ҷиддии рушд дар тамоми соҳаҳои иқтисоди кишвар мусоидат хоҳад кард.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.

“ICB Арена” дар Душанбе. Сармоягузорӣ ба ояндаи футболи тоҷик

Рӯзи 18-уми март дар меҳмонхонаи “Dushanbe Serena” Бонки сармоягузорӣ ва қарзии...

Эмомалӣ Раҳмон ба Суғд меравад. Кадом роҳҳои мошингарди вилоят се рӯз баста мешаванд?

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон бо як сафари кории серӯза...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 27 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Имрӯз соати 17:00 дар Боғҳои фарҳангию фароғатии...

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.