Рустами Эмомалӣ “парвандаи Мадина”-ро таҳти назорати шахсӣ гирифт

Алимшоҳ Меҳрзода, Asia-Plus

Раиси палатаи болоии парлумон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ «парвандаи Мадина»-ро  шахсан таҳти назорати худ гирифт, хабар дод ба «Азия-Плюс» котиби матбуотии Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Наврӯз Қурбонзода.

Ба гуфтаи вай "Рустами Эмомалӣ бобати муроҷиат намудани сокини шаҳри Душанбе – Зулфия А. дар шабакаҳои иҷтимоӣ дар хусуси ба духтараш Мадина М. аз ҷониби Азиза Д. бо роҳи шиканҷа расонидани ҷароҳатҳои ҷисмонӣ ва дар ҳолати вазнин ба Муассисаи давлатии Маркази миллии тиббии ҷумҳуриявии «Шифобахш» дар ҳолати беҳушӣ овардани ӯро, мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.".

"Тафтиши ҳолати мазкур аз ҷониби мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр анҷом дода шуда, бо татбиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» аз 7 сентябри соли 2021 аз оғози кори ҷиноятӣ рад карда шудааст.  Раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ бо инобати дар шабакаҳои иҷтимоӣ ба миён омадани афкори гуногун, ба Прокуратураи Генералӣ ва Вазорати корҳои дохила дастур дода, зимни иҷрои он санҷиши ҳолати кор аз нав оғоз карда шуда, тафтиши ҳаматарафа, пурра ва объективонаи он таҳти назорати бевосита қарор дода шудааст, – гуфт Наврӯз. Курбонзода.

Вай таъкид кард, ки тафтишоти ҳамаҷониба ва воқеъбинонаи ҳодиса таҳти назорати бевоситаи Рустами Эмомалӣ қарор дорад.

Ёдовар мешавем, ки Мадина М. 25 августи соли равон ғайб зада, баъди 14 соат бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфт.

Гумонбаршуда дар ин парванда Азиза Д. ҳамсари қонунии марде мебошад, ки Мадина бо ӯ мулоқот кардааст. Ахиран фаъолон ба унвони раиси шаҳри Душанбе, додситони кулл ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистон муроҷиатнома навишта, хостори таҳти назорати худ гирифтани парвандаи Мадина шуданд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Бо иштиҳои том!” Хӯрокҳои баҳории маъмул дар Тоҷикистон

Аз қадим одат аст, ки бонувони тоҷик дар  арафаи...

Эмомалӣ Раҳмон вориди Тошканд шуд. Ӯро Шавкат Мирзиёев дар фурудгоҳ пешвоз гирифт

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон, ки субҳи имрӯз бо сафари...

Пулис ду ҳолати фурӯши “Лирика” дар пойтахтро ошкор кардааст

Дар умум, аз 2 ҳазору 745 дона дору мусодира шудааст.

Ду ҳолати “гӯшгазӣ” дар Душанбе. Як мард ва ду духтар боздошт шудаанд

Пулиси Душанбе давоми ду рӯзи охир аз ду ҳолати...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 53

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Имрӯз Эмомалӣ Раҳмон бо сафари дурӯзаи давлатӣ ба Ӯзбекистон меравад

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон рӯзҳои 26 ва 27-уми март...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 марти соли 2026

Аз зодрӯзи Гулчеҳра Иноятова то даргузашти Раҷаб Ҳусейн ва Муҳиддин Хоҷазод.

Доми қарз. Чӣ гуна дар Тоҷикистон метавон қарз гирифт ва баъд пушаймон нашуд?

Шарҳ медиҳем, ки шумо ба чӣ гуна хавфҳо дучор шуда метавонед ва бароятон ҷиҳати огоҳона қарор қабул кардан дар ин бора тавсияҳои одӣ медиҳем.