“Маҳбусон заҳролуд нашудаанд”. Вокуниши сарраёсати зиндонҳо дар мавриди заҳролуд шудани маҳкумшудагон

Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон хабари заҳролудшавии 40 нафар маҳбус дар зиндони шаҳри Ваҳдатро рад намуд. Хабари заҳролудшавии маҳбусони зиндони шаҳри Ваҳдат аз оби зеризаминӣ, ки аз ночорӣ аз он истифода мекарданд, субҳи имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Сабаби заҳролудии об афтидани ҷондоре ба об шарҳ дода мешуд. Аз Сарраёсати иҷрои ҷазои […]

Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноии Вазорати адлияи Тоҷикистон хабари заҳролудшавии 40 нафар маҳбус дар зиндони шаҳри Ваҳдатро рад намуд.

Хабари заҳролудшавии маҳбусони зиндони шаҳри Ваҳдат аз оби зеризаминӣ, ки аз ночорӣ аз он истифода мекарданд, субҳи имрӯз дар шабакаҳои иҷтимоӣ нашр шуд. Сабаби заҳролудии об афтидани ҷондоре ба об шарҳ дода мешуд.

Аз Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноӣ ба «Азия-Плюс» гуфтанд, ҳолати заҳролудшавии гурӯҳи маҳкумшудагон дар натиҷаи истеъмоли оби ошомидании муассисаи ислоҳии навбунёди ЯС 3/1 дар шаҳри Ваҳдат ягон асосои воқеӣ надорад

Ба иттилои манбаъ, маҳкумшудагон дар муассисаи мазкур бо тартиби муқарраградида адои ҷазо намуда истодаанд.

“Дар қисмҳои тиббӣ ва дигар маҳалли адои ҷазо ягон нафар маҳкумшудагон бо заҳролудшавӣ муроҷиат накардаанд ва чунин ҳолат ба қайд гирифта нашудааст”,- омадааст дар вокуниши  СИҶҶ.

Ин ниҳод мегӯяд, 20 августи соли 2021 дар муассисаи давлатии «Маркази экспертизаи санитарию эпидемиологӣ ва назорат дар нақлиёту сарҳадот»-и Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон тадқиқоти об гузаронида шуда, ки тибқи хулосаи мутахассисон оби муассиса ҷавобгўи талабот буда, барои истифода иҷозат дода шудааст.

Ёдрас мешавем, ки санаи 7 июли соли 2019 – 14 нафар маҳбус ҳангоми интиқол аз зиндонҳои вилояти Суғд ба дигар муассисаҳои ислоҳии кишвар ҳангоми истеъмоли нон заҳролуд ва ҳалок шуда буданд.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Tenisi
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.