Фестивали “Оши палав”. Дар Душанбе 5 тонна оши палав пухтанд

Дар майдони назди шаршараи маҷмааи «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт Фестивали «Оши палав» баргузор шуд. Дар доираи Фестивал 50 деги ошпазӣ, аз ҷумла 40 адад аз шаҳри Душанбе ва аз ҷониби намояндагиҳои кишварҳои узви ИДМ дар Тоҷикистон 10 дег гузошта шуда, зиёда аз 5 тонна оши палав омода карда шуд. Дар деги за ҳама калон чор ошпаз 3 […]

Дар майдони назди шаршараи маҷмааи «Наврӯзгоҳ»-и пойтахт Фестивали «Оши палав» баргузор шуд.

Дар доираи Фестивал 50 деги ошпазӣ, аз ҷумла 40 адад аз шаҳри Душанбе ва аз ҷониби намояндагиҳои кишварҳои узви ИДМ дар Тоҷикистон 10 дег гузошта шуда, зиёда аз 5 тонна оши палав омода карда шуд.

Дар деги за ҳама калон чор ошпаз 3 тонна оши палав пухтанд.

Барои пухтани 3 тонна ош 270 кг гӯшт, 800 кило биринҷ, 170 литр равған, як тонна сабзии реза, 150 кг пиёз, 30 кг намак, 8 кг зира, 30 кг кишмиши ошӣ, 8 кг лимӯ, 250 кг тухми бедона, 8 кг сирпиёз, 8 кг қазӣ, 8 кг гӯшти хушккардашуда истифода шуд.

Имсол ошҳои омодашуда тибқи дастури роҳбарияти шаҳрдории пойтахт ба  хонаҳои кӯдакону пиросолон, мактаб-интернатҳо ва қисмҳои ҳарбии пойтахт тақсим карда мешавад.

Қобили зикр аст, ки оши палав дар қатори беҳтарин намунаҳои фарҳанги ғайримоддии ҷаҳонии ЮНЕСКО сабтином шудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Коршинос: “Хушксолӣ дар Осиёи Марказӣ ба таҳдиди доимӣ табдил меёбад”

Ҳарорат дар минтақа нисбат ба нишондиҳандаҳои миёнаи ҷаҳонӣ зудтар баланд мешавад.