Мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон ба даври финалии Ҷоми Осиё-2022 роҳхат мегирад?

Дар мусобиқаи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи “В”байни ҷавонони то 23-сола (U-23), ки дар шаҳри Душанбе доир гардид, мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон зинаи дуюмро ишғол намуд. Тавре Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар даври охири марҳилаи гуруҳӣ футболбозони тоҷик аз дастаи Эрон бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрданд. Дар натиҷа дастаи Эрон аз ҷойи якум […]

Дар мусобиқаи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 дар гурӯҳи “В”байни ҷавонони то 23-сола (U-23), ки дар шаҳри Душанбе доир гардид, мунтахаби футболи олимпии Тоҷикистон зинаи дуюмро ишғол намуд.

Тавре Федератсияи футболи ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар даври охири марҳилаи гуруҳӣ футболбозони тоҷик аз дастаи Эрон бо ҳисоби 2:3 шикаст хӯрданд. Дар натиҷа дастаи Эрон аз ҷойи якум мустақиман ба давраи финалии Ҷоми Осиё-2022 роҳ ёфт.

Сарфи назар аз бохт ба тими Эрон, мунтахаби Тоҷикистон ҳоло ҳам имкон дорад, ки ба роҳхат ба даври финалии Ҷоми Осиё-2022 соҳиб шавад.

Мувофиқи регламенти мусобиқа, аз рӯи натиҷаҳои мусобиқаи марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2022 ғолибони 11 гуруҳ ва 4 дастаи беҳтарини зинаи 2-юмро ишғолкарда ба даври финалӣ роҳхат мегиранд.

Айни замон Тоҷикистон байни 4 дастаи беҳтарини зинаи 2-юмро ишғолкарда дар гуруҳҳо қарор дорад. Лекин роҳхат гирифтани дастаи мо аз натиҷаи бозӣ байни дастаҳои Ветнам ва Мянма дар гуруҳи «I» вобаста аст, ки 2 ноябр дар Бишкек доир мегардад.

Дар сурати ғалабаи яке аз дастаҳо бо ҳама гуна ҳисоб, ба ҷуз 4:3 (5:4, 6:5 ва ҳамин тавр зиёдтар аз ин), роҳхат ба даври финалӣ насиби дастаи Тоҷикистон мешавад. Агар ин бозӣ бо ҳисоби 3:2 ба анҷом расад, дар ин ҳолат кортҳои зарди гирифтаи дастаҳо ҳисоб карда мешаванд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Даҳҳо дарахт шикаста, хонаҳо зарар диданд. Хисороти офати табиии ду рӯзи гузашта дар Тоҷикистон

Дар натиҷаи омадани сел як мошинро дарёи Кофарниҳон бурдааст ва 5 мошини дигар зери лой мондаанд.

Омӯзиши хати форсӣ дар Тоҷикистон. Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат дастур дод, ки сифати таълими алифбои ниёгон беҳтар карда шавад

Ӯ гуфтааст, ин кор "дар доираи омӯзиш ва тарғибу ташвиқи таъриху фарҳанги ориёӣ" анҷом шавад.

Қироншоҳ Шарифзода: “Азия-Плюс” намунаи миллатдӯстӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлатдорӣ аст!

Ин муҳаққиқи шинохта ба он назар аст, ки бо ташкили бахши тоҷикӣ нуфузи “Азия-Плюс” дучанд шуд.

Русия ва ҳукумати “Толибон” дар бораи ҳамкории ҳарбӣ созишнома ба имзо расонидаанд

Санад ба табодули силоҳ, техникаҳои ҳарбӣ ва дигар навъҳои ҳамкориҳо дар соҳаи мудофиа шароит фароҳам меорад.

Тоҷикистон дар сафи кишварҳои дорои сатҳи пасти истифода аз ҳуши маснӯӣ қарор гирифтааст

Дар се моҳи соли равон танҳо 6% аҳолӣ аз ҳуши маснӯӣ истифода кардаанд.

Қариб $120 млн дар се моҳ. Афзоиши тиҷорат миёни Тоҷикистону Эрон

Гардиши савдо миёни ду кишвар назар ба се моҳи соли гузашта 8% зиёд шудааст.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 2

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.