ИМА Тоҷикистонро вориди рӯйхати 10 кишвари поймолкунандаи озодиҳои динӣ кард

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен рӯйхати кишварҳоеро, ки ба вайрон кардани озодиҳои динӣ даст доранд ё ба он роҳ додаанд, эълон кард. Дар ин бора дар сомонаи Департаменти давлатии ИМА хабар дода мешавад. Дар феҳристи 10-гонаи аввали кишварҳо Тоҷикистон ҳамроҳи давлатҳое чун Бирма, Чин, Эритрея, Эрон, Корияи Шимолӣ, Покистон, Арабистони Саудӣ, Туркманистон ва Русия (имсол […]

Баҳманёр Нодиров, Asia-Plus

Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен рӯйхати кишварҳоеро, ки ба вайрон кардани озодиҳои динӣ даст доранд ё ба он роҳ додаанд, эълон кард. Дар ин бора дар сомонаи Департаменти давлатии ИМА хабар дода мешавад.

Дар феҳристи 10-гонаи аввали кишварҳо Тоҷикистон ҳамроҳи давлатҳое чун Бирма, Чин, Эритрея, Эрон, Корияи Шимолӣ, Покистон, Арабистони Саудӣ, Туркманистон ва Русия (имсол ба рӯйхат дохил шуд) қарор дорад.

Гуфта мешавад, кишварҳои зикршуда ба далели "нақзи мунтазам, давомдор ва дағалонаи озодии эътиқод" боиси нигаронии хоси Департаменти давлатӣ шудаанд.

Алҷазоир, Ҷазираҳои Комор, Куба ва Никарагуа ба феҳристи махсус шомиланд, ки тибқи арзёбии Вазорати хориҷаи Амрико, ба “вайронкунии ҷиддии озодии дин” роҳ медиҳанд ё роҳ додаанд. Соли гузашта Русия низ дар ҳамин рӯйхат қарор дошт.

Илова бар ин, аз нақзи озодиҳои мазҳабӣ аз ҷониби созмонҳое аз қабили “Ал-Шабоб”, “Ал-Қоида”, “Боко Ҳарам”, “Хайят Таҳрир аш-Шом”, Хусиҳо, ДОИШ ва воҳидҳои он дар Африқо, Ҷамоати Наср ал Ислом вал-муслимин ва Толибон изҳори нигаронӣ мешавад.

“Дар ҷаҳони муосир мушкилоти озодии эътиқод сохторӣ ва доимӣ буда, решаҳои амиқ доранд. Ин мушкилот аз ҳамаи онҳое, ки намехоҳанд бо нафрат ва таҳаммулнопазирӣ созгор бошанд, пайравии доимии глобалӣ ва тааҷҷуҳи аввалиндараҷаи ҷомеаи байнулмилалирот тақозо мекунанд”, – гуфтааст Блинкен.

Ӯ таъкид доштааст, ки ИМА ба ҳидояти  ҳукуматҳо баҳри ислоҳи камбудиҳо дар қонунҳои дохилӣ ва ба ҷавобгарӣ кашидани гунаҳкорони қонуншиканиҳо идома медиҳад.

Тоҷикистон аз соли 2016 бо тавсияи Комиссияи ИМА оид ба озодиҳои динии байнулмилалӣ ба рӯйхати сиёҳи кишварҳои нақзкунандаи озодиҳои динии Департаменти давлатии ИМА шомил аст.

Дар Тоҷикистон ба интиқоди Вазорати хориҷаи Амрико аз вазъи озодии дин розӣ нестанд. Мақомоти Тоҷикистон борҳо изҳор доштаанд, ки барои ба ин феҳрист шомил кардани кишвари мо ҳеҷ асосе нест.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

“На ҷанг ва на сулҳ”. Пас аз музокироти ноком қадами баъдии Эрону Амрико чӣ хоҳад буд?

Коршиносони тоҷик мегӯянд, Эрон “фишанги дигаре” ҳам дорад, ки агар истифода кунад, таҳдиди ҷиддӣ ба раёсати Доналд Трамп хоҳад шуд.

Дар чанд мактаби Бохтар барномаи “еKhonish” ба кор оғоз кард

Бохтар дуввумин шаҳр дар вилоят аст, ки ба ин барнома прайваст гардид.

Куриё барои таъминоти нерӯи барқ дар Ромит 14 миллион доллар медиҳад

Дар доираи лоиҳа 8 ҳазор сокини ҷамоати Ромит ба барқ дастрасӣ пайдо мекунанд.

“Уқоби тоҷик” дар ҳоли омодагӣ ба парвоз. Қарордоди нави Нурулло Алиев бо UFC

“Уқоби тоҷик” имрӯз дар Амрико ва Тоҷикистон бо машқу тамринҳо машғул аст.

Ҳушдори мақомот аз 4 рӯзи хокбориш дар Тоҷикистон

Барои пешгирӣ аз чангу ғубор чӣ бояд кард?

Чаро нархи шакар дар Тоҷикистон гарон шуд?

Нархи 1 килограмми он ба 12 сомонӣ расидааст.

Пулиси Душанбе: Дар пайи 44 садама дар се моҳ 6 пиёдагард ҷон бохтаанд

Мақомот дар Душанбе амалиёти “Пиёдагард”-ро оғоз кард.