Кӯдаки думоҳаи дуздишуда ёфт шуд. Гумонбарро ҳам боздошт карданд

Asia-Plus

Раёсати корҳои дохилии Душанбе аз пайдо шудани кӯдаки 2-моҳае, ки дирӯз, 30-юми ноябр дар Душанбе дар назди дармонгоҳи рақами 13 (собиқи дармонгоҳи № 1) дуздида шуда буд, хабар медиҳад. Ба гуфтаи ин ниҳод нафари гумонбар дар дуздии кӯдак ҳам боздошт шудааст. 

Бино ба иттилои РВКД Душанбе нафари гумонбар дар дуздии кӯлдаки 2-моҳа сокини 29-солаи ноҳияи Рӯдакӣ Нигора Ахмедова будааст. 

Пулиси Душанбе мегӯяд, ки гумонбар дар дуздии кӯдакро соати 04.20 субҳ берун аз ҳудуди Душанбе боздошт кардаанд ва кӯдакро ҳам сиҳату саломат пайдо кардаанд. 

Дафтари матбуоти РВКД Душанбе навиштааст, ки ин зан ҳангоми қарордошт дар дохили Дармонгоҳи тиббии шаҳрии рақами 13-и шаҳри Душанбе кӯдаки навзоди 2-моҳаро аз модараш барои нигоҳубини яклаҳзаина қабул ва сипас аз набудини модари кӯдак истифода намуда, кӯдакро гирифта ба самти номаълум ғайб задааст. 

"Айни ҳол нисбати гумонбаршаванда Ахмедова Нигора тибқи талаботи моддаи 130 (одамрабоӣ)-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон парвандаи ҷиноятӣ оғоз карда шуда, ҷиҳати муайян намудани сабабу ҳадафҳои ҷиноятӣ ва даст доштани дигар иштирокчиён дар содир намудани ҷинояти мазкур чорабиниҳои тафтишотӣ идома доранд",- омадааст дар хабарномаи пулис.

Дирӯз шоҳидони ин ҳодиса ба «Азия-Плюс» аз рабуда шудани кӯдак хабар дода буданд. Пулиси Душанбе мегӯяд, ин ҳодиса дирӯз, тақрибан соати 15.00 рух додааст. 

Яке аз шоҳидони ҳодиса дирӯз ба "Азия-Плюс" гуфта буд, ки "ҷавонзане бо кӯдакаш барои муоинаи назди духтур омада буд. Вале гуфтаанд, ки духтур бидуни дасткаш кӯдакро муоина намекунад ва дасткашро бояд худи корафтода биорад. Ҷавонзан барои харидани дасткаш рафтанӣ мешавад ва ба зани паҳлӯяш пешниҳод мекунад, ки метавонад то омаданаш кӯдакшро бигирад. Ҷавонзан гумон мекунад, ки ин корманди дармонгоҳ аст ва кӯдакро медиҳад. Аммо вақте бармегардад на он занро меёбаду на кӯдакашро".

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.