Ноҳияи Ҷомӣ: “Ҳабс”-и мудирони мактабу боғчаҳо дар ҳукумат барои наовардани 1-тои даъватшаванда

Як сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба “Азия – Плюс” гуфт, директорони мактаб ва мудирони кӯдакистони ин ноҳияро аз соати 17 бегоҳ то 12 шаб дар бинои ҳукумати ноҳия “ҳабс” мекунанд ва аз онҳо талаб менамоянд, ки ҳар яки онҳо як нафарӣ аскар биёрад. Вале масъулини ноҳия масъаларо ба таври дигар шарҳ доданд. Як сокини маҳаллӣ, […]

Як сокини ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба “Азия – Плюс” гуфт, директорони мактаб ва мудирони кӯдакистони ин ноҳияро аз соати 17 бегоҳ то 12 шаб дар бинои ҳукумати ноҳия “ҳабс” мекунанд ва аз онҳо талаб менамоянд, ки ҳар яки онҳо як нафарӣ аскар биёрад. Вале масъулини ноҳия масъаларо ба таври дигар шарҳ доданд.

Як сокини маҳаллӣ, ки бо далоили амниятӣ нахост аз ӯ ном барем, гуфт, кормандони ҳукумати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ қариб як моҳ мешавад, ки директорони мактаб ва мудирони кӯдакистонро барои ширкат дар ҷаласаи “штаб” – и даъвати хидмати ҳарбӣ ба ҳукумати ноҳия даъват менамоянд, вале ҷаласаро нагузаронида, соати 12 шаб ҷавоб медиҳанд.

– Дар дохили бинои ҳукумат аз директорон ва мудирони кӯдакистонҳо талаб мекунанд, ки то як ҷавонро барои хидмат ба сафи неруҳои мусаллаҳ наоранд, ба ҳеҷ куҷо намераванд. Баъзе дар деҳа зиндагӣ мекунанд. Аз сабаби он ки дер шудаасту мошин намеёбанд, маҷбуранд шабро дар маҷлисгоҳи ҳукумат рӯз кунанд ва субҳ ба кор раванд. Ҳатто телефонҳоро аз дастамон мегиранд,- шикоят намуд ин сокини ноҳия.

Ин ҳамсуҳбати мо гуфт, аз як директори мактаб алоҳида хезонда,  мепурсанд, ки чаро аскар наовардӣ, пагоҳ аз куҷое хоҳӣ нахоҳӣ ёфта меорӣ.

Ӯ гуфт, аз нафароне ки аскар оварда наметавонанд, ариза мегиранд, ки аз сабаби наовардани аскар бо хоҳиши худ аз кор мераванд.

– Ҳамчунин, бо либосҳои мулкӣ аз мактабҳо муаллимони ҷавонро маҷбурӣ дар пеши чашми хонандагон мисли ҷинояткор дастгир намуда, ба артиш мебаранд. Дар бархе мактабҳо директор ва муаллими ҷавон намонд. Ҳама гурехтаанд,- гуфт манбаъи мо.

Муовини раис: “Чаро фарзанди ман хидмат кунаду аз онҳо не”

Аз ҳукумати ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ гузаронидани ҷаласаи штаби даъват ба хидмати ҳарбиро дар ҳукумат тасдиқ намуданд, вале гуфтанд ягон директори мактаб ва корманди муасссиаҳои сохтории ноҳияро барои наовардани аскар дар бинои ҳукумат то соати 12 шаб нигоҳ надоштаанд.

Муовини раиси ноҳия Мастура Муъминзода дар суҳбат ба "Азия-Плюс" гуфт, онҳо воқеан, роҳбарони муасисаву ташкилотҳои давлатӣ, махсусан директорони мактабҳоеро, ки фарзандонашон ба синни давъатӣ расидаанд, ба ҷаласаи штаб, ки дар бинои ҳукумати ноҳия мегузарад, даъват намуда, аз онҳо талаб мекунанд, ки фарзандонашонро ба хидмати ҳарбӣ равон кунанд.

“Мо касеро аз соати 17- и бегоҳ то 12- и шаб дар бинои ҳукумат нигоҳ надоштаем. Аксари директорони мактабҳо фарзандонашонро, ки синни давъат расидаанд, бо ҳар роҳу восита аз хидмат мегурезонанд. Аз ин рӯ, бо роҳбарони муассисаҳои буҷетӣ, махсусан бо директорони маткабҳо корҳои фаҳмондадиҳӣ мегузаронем, ки фарзандони синни давъатиашонро ба хидмат равон кунанд”,- гуфт Мастура Муъминзода. 

Ба таъкиди ин масъули ҳукумати ноҳия бо таъсиррасонии корҳои фаҳмондадиҳӣ аллакай, як директори мактаб фарзандашро аз Русия давъат намуда, ба хидмат равон кард.

–  Фарзанди худи ман ихтиёрӣ ба хидмати ҳарбӣ рафт. Чаро мо муовини ноҳия фарзандамон ба хидмат мерафтааст, писари онҳо не?! Бисёриҳо фарзандонашонро оварданд. Касе ба шумо муроҷиат кардааст, худаш фарзандашро пинҳон карда, ба хидмат равон намекунад, – хулоса кард Мастура Муъминзода.

Дар Тоҷикистон дар ду навбат, баҳор ва тирамоҳ ҷавонони аз 18 то 27-соларо барои хидмат дар артиш ҷалб мекунанд. Ин аст, ки ҳамасола даҳҳо ҳолати бо зӯр ё “облава” бурдани ҷавонон ба артиш расонаӣ мешавад.

Роҳандозии хидмати алтернативиро иддае як роҳи қонунии халосӣ аз артиш арзёбӣ мекунанд. Феълан маълум нест, ки чӣ тедоде аз хоҳишмандон бо супоридани пул аз хидмат озод шуданд.

Мавзӯи ҷалби ҷавонон ба артиш дар Тоҷикистон солҳо боз доғ мемонад. Шароити номуносиб, бадрафторӣ бо сарбозон, меҳтарсолорӣ (дедовшина) ва марги ҷавонон дар қисмҳои ҳарбӣ аз сабабҳои аслии саркашии ҷавонон аз хидмат дар артиши Тоҷикистон гуфта мешавад.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.