510 нафар довталаби даври ниҳоии озмуни “Фурӯғи субҳи доноӣ”

Дар даврии ниҳоии озмуни ҷумҳурявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки аз 2 то 15-уми декабр баргузор мешавад, 510 довталаб барои пирӯзӣ дар бахшҳо ва дарёфти шоҳҷоиза талош мекунанд. Дар ин бора Вазорати илму маорифи кишвар хабар медиҳад. Даври ниҳоии озмун чун солҳои қаблӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мегузарад. Ба иттилои манбаъ имсол ҷадвали баргузории […]

Asia-Plus

Дар даврии ниҳоии озмуни ҷумҳурявии “Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст”, ки аз 2 то 15-уми декабр баргузор мешавад, 510 довталаб барои пирӯзӣ дар бахшҳо ва дарёфти шоҳҷоиза талош мекунанд. Дар ин бора Вазорати илму маорифи кишвар хабар медиҳад.

Даври ниҳоии озмун чун солҳои қаблӣ дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон мегузарад.

Ба иттилои манбаъ имсол ҷадвали баргузории чунин муқаррар шудааст: рӯзҳои 2-5-уми декабр хонандагони мактабҳои миёна ва ибтидоии касбӣ, 6-7-уми декабр донишҷӯён, 7-уми декабр аспиранту докторантҳову ходимони илмӣ ва адабии муассисаҳои илмию эҷодӣ, 8-10-уми декабр омӯзгорони ҳамаи зинаҳои таҳсилот, кормандони фарҳангу санъат, калонсолон ва намояндагони касбу кори гуногун бар асоси талаботи бахшҳои озмун ширкат ва зеҳнсанҷӣ мекунанд.

Барои довталабони бахши назму наср озмун рӯзҳои 11-12-уми декабр ва барои довталабони Шоҳҷоиза рӯзи 13-уми декабр доир мегардад.

Имсол дар даври аввал, ки дар маҳалҳо, ҷамоатҳо, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва дигар ташкилотҳо баргузор гардид, 305495 нафар, дар даври дуюм, ки дар марказҳои шаҳру ноҳияҳо доир гардид, 23045 нафар ва дар даври сеюм, ки дар марказҳои вилоятҳо баргузор гардид, 2981 нафар иштирок кардаанд.

Озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» соли сеюм аст, ки дар кишвар баргузор мегардад. Сарпарасти озмун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон буда, масъулони баргузории озмун вазоратҳои маориф ва илм, фарҳанг, Китобхонаи миллии Тоҷикистон, Кумитаи телевизион ва радиои назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон мебошанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

Оби зулол

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Ахбори тоза

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 19 апрели соли 2026

Аз зодрӯзи Зайнулобиддин Кобуливу Шокирҷон Ҳакимов то даргузашти Ғуломҳайдар Ғуломалиев ва Рӯзи гули бойчечак

Сафар ба Ӯзбекистон бо шиносномаи дохилӣ имконпазир мешавад

Ҳамчунин, шаҳрвандони Ӯзбекистон ҳам имкон пайдо мекунанд бо шиносномаи дохилӣ ба Тоҷикистон оянд.

Аз “Аҷинатеппа” то “Манораи Варз”. Ёдгориҳои таърихии беш аз ҳазорсолаи Тоҷикистон

Дар Рӯзи байналмилалии ёдгориҳо ва мавзеъҳои таърихӣ дар бораи чанд мавзеи таърихӣ маълумот гирд овардем.

Чанд қоидаи муҳим барои муҳоҷироне, ки мехоҳанд кӯдаконашонро бо худ ба Русия баранд

Дар сурати риоя накардани тартиби нав, барои таҳсили фарзандон мушкил пеш меояд.

Бозгушоии тангаи Ҳурмуз ва изҳори сипоси Доналд Трамп аз Эрон

Танга ҳоло танҳо барои киштиҳои тиҷорӣ боз шудааст ва раисҷумҳури Амрико ҳам гуфт, “муҳосираи Эрон” то созиши сулҳ идома мекунад.

Тоҷикистон мехоҳад дар соли 2030 пешсафи сайёҳии экологӣ бошад. Аммо чӣ метавонад пешниҳод кунад?

Ба ҷумҳурӣ барои бунёди иншооти сайёҳии аз лиҳози экологӣ тоза ва беҳбуди зерсохтор сармоягузорӣ ҷалб мешавад.