Марзбонони қирғиз нагузоштанд як сокини Овчиқалъача даври хонаашро девор бикашад

Ҳалим Ҷӯраев, Asia-Plus

Марзбонони қирғиз баъд аз зуҳри 30-юми ноябр монеъи оғози корҳои сохтмонӣ дар манзили як сокини ҷамоати деҳоти Овчиқалъачаи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров шудаанд. Соҳиби манзил Муродҷон Қирғизбоев мегӯяд, мехост атрофи манзилашро девор бикашад, вале ногаҳон марзбонони қирғиз монеъи кораш шуда гуфтаанд, барои анҷоми ин кор иҷозат надорад.

Аммо ин сокини маҳаллӣ мегӯяд, ки мақомоти ноҳияи Бобоҷон Ғафуров қаблан иҷозаи сохтмонро дода буданд.

Ба гуфтаи Қирғизбоев,  ӯ дирӯз ҳамроҳи устоҳо ба девор кашидан оғоз кард. Марзбонони қирғиз бо баҳонаи иҷозат надоштан монеи кораш шуданд. Баъди ин  раис ва чанд тан аз сокинони ҷамоати Овчиқалъача ба ҷойи ҳодиса омадаанд.  

Қирғизбоев дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфт, дар кӯчаи Ҳалимбобои деҳаи Қалъача ҳудуди 25 сол инҷониб дар ҳамсоягӣ бо қирғизҳо зиндагӣ мекунад.

Деҳаи Қалъача ҳаммарз бо деҳаи Мақсади ноҳияи Лайлаки вилояти Бодканди Қирғизистон мавқеият дошта, ба гуфтаи ин сокини маҳаллӣ то охирҳои моҳи апрел ва шурӯъи муноқишаҳои марзӣ баҳс сари сохтмон дар ин маҳал мавҷуд набуд. Вай афзуд, замоне, ки ӯ ва ҳамсояҳояш хона сохта ба ин маҳал омада буданд он вақт дар ин ҷойҳо қирғизҳо набуданд.

“Имрӯз омада монеи деворкашии мо шуданд. Ҳар рӯз бачаҳои мактабхони қирғиз аз пеши хона мегузаранд. Дар хона духтар дорам, намедонам чӣ кор кунам”,-мегӯяд Муродҷон.

Дар чанд аксу наворе, ки аз кӯчаи Ҳалимбобои ҷамоати Овчиқалъача ба дасти мо расид, дида мешавад, ки чанд тан аз марзбонони қирғиз канори роҳе бо мардум ба баҳс пардохтаанд. Муродҷон Ҷумъаев, раиси деҳаи Қалъача  ба “Азия-Плюс” гуфт, инҷо назди хонаест, ки марзбонони қирғиз барои деворзанӣ иҷозат надоданд. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи ӯ дар ин маҳал аз солҳои 1985 ба ин тараф тоҷикон хонаҳо сохтаву зиндагӣ мекунанд. Вай афзуд, баъди баҳси ногаҳонӣ “чанд тан аз марзбонони қирғиз болотар аз маҳалли тоҷикон камин гирифтаанд”.

“Дар ин ҷо ду хонаи қирғизнишин ҳасту дигар ҳама тоҷиконанд. Онҳо баъди муноқишаҳои ахир ҳудуди 10 хона сохтанд ва таҳкурсии чанд хонаи дигарро гузошта хонаҳояшонро чароғон карданд, симчӯбу зеристгоҳи барқӣ гузоштанд. Ба онҳо ин гуна корҳо мумкин, вале вақте як сокини мо девор зада бачаҳоям шабу рӯз бехавотир зиндагӣ кунад гӯяд, монеъ шуда истодаанд”,-мегӯяд раиси деҳа.

Раиси ҷамоати деҳоти Овчиқалъача Аҳмадҷон Шукуров таҷаммуъи марзбонони қирғизро таъйид кард ва гуфт онҳо монеъи корҳои сохтмонии Муродҷон Қирғизбоев шуданд. Ӯ гуфт, ин масъаларо дар сатҳи ноҳияҳо ҳал мекунанд.

“Мо дар сатҳи ноҳия гапзанон кардем, давоми ду рӯз масъалаи сохтмон ҳал мешавад. Ҳоло қирғизҳо монеъ шуда ин мавзеъро баҳсӣ меҳисобанд,  вохӯри мешавад дар он ҷо бояд ин масъала ҳал мавад”-гуфт, раиси ҷамоати деҳоти Овчиқалъача.

Ба гуфтаи Муродҷон Қирғизбоев ӯ қаблан борҳо ба мақомоти маҳаллӣ муроҷиат карда, дархости кӯмаки сохтмони манзилашро карда буд. Баъди муноқишаҳои марзӣ ҷониби қирғизҳо қубури оби ӯро буриданд ва бо кӯмаки мақомот аз ҷамоати Овчиқалъача ба масоҳати 500 метр тариқи қубур ба хонааш об оварда шуд.

Дар ҳамин ҳол, сайти қирғизии Turmush хабар додааст, ки бар пайи ин ҳодиса раиси вилояти Бодканди Қирғизистон ва раиси вилояти Суғди Тоҷикистон суҳбати телефонӣ кардаанд. Расонаҳои қирғизӣ ин минтақаро мавзеъи баҳсӣ ва мушаххасношуда унвон карда, хабар додааст, ки раисони вилоят ба мувофиқа расидаанд, ки рӯзҳои наздик мулоқот мекунанд ва ин мавзуъро баррасӣ мекунанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ, Қаҳрамони Тоҷикистон оғоз кард. Дар нашри навбатӣ, қисми панҷоҳу панҷуми ин асари...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.

 Аз ваъдаи суқути низом то илтиҷо барои бозгушоии Ҳурмуз. Аз оғози ҷанги Амрикову Исроил бо Эрон як моҳ гузашт

Дар ин муддат на Амрико ва на Исроил ба ҳадафи аслии худ – суқути низом дар Эрон нарасиданд ва ҳоло ба гирдоби мушкили дигар печидаанд.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 28 марти соли 2026

Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом то мавлуди Нақибхон Туғралу Далер Ҷумъа ва Рӯзи ҷаҳонии муаррихон.