Аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон боз ҳудуди 700 ҳазор воя воксин ворид шуд

Дар доираи татбиқи механизми COVAX аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон 698 ҳазору 500 воя (доза) ваксинаи «Covidshield» (Astrazeneca) оварда шуд. Тавре ки маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин миқдор ваксина шоми 1 декабр ба Тоҷикистон расонида шудааст. Мебояд гуфт, Ҳиндустон аз нахустин давлатест, ки  моҳи марти соли 2021 дар доираи татбиқи механизми COVAX ба […]

Дар доираи татбиқи механизми COVAX аз Ҳиндустон ба Тоҷикистон 698 ҳазору 500 воя (доза) ваксинаи «Covidshield» (Astrazeneca) оварда шуд.

Тавре ки маркази матбуоти Вазорати тандурустии ҷумҳурӣ хабар медиҳад, ин миқдор ваксина шоми 1 декабр ба Тоҷикистон расонида шудааст.

Мебояд гуфт, Ҳиндустон аз нахустин давлатест, ки  моҳи марти соли 2021 дар доираи татбиқи механизми COVAX ба Тоҷикистон 192 ҳазор вояи ваксинаи Astrazeneca фиристод. Ин ба Тоҷикистон имкон дод, ки ба маъракаи ваксинзании сартосарӣ шурӯъ намояд.

Бино ба маълумоти Вазорат, то имрӯз ба Тоҷикистон ба миқдори 6 млн 137 ҳазор воя 5 навъи ваксина ворид карда шуд.

Ба ҷуз ваксинаи аврупоии «Covidshield» (Astrazeneca истеҳсоли Ҳиндустон), дар Тоҷикистон зидди корнавирус метавон аз ваксинаҳои CoronaVac аз Чин,  Moderna ва Pfizer-м амрикоӣ, инчунин «Спутником V»-и Русия низ эм гирифт.

Тибқи маълумоти Вазорати тандурустӣ, аз шумораи умумии мақсадноки аҳолӣ, ки бояд бар зидди бемории сироятии COVID-19 ваксина бигиранд, то ба ҳолати 30 ноябри соли равон дар Тоҷикистон 3 млн 206 ҳазору 63 нафар (51,8%) бар зидди сирояти мазкур ваксина гирифтаанд. Инчунин,  то ин дам 2 млн 590 ҳазору 545 нафар (44,5%)  шаҳрвандони кишвар бо вояи дуюми ваксина эм шудаанд.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.