“Парвандаи Мадина” ба Додгоҳи олӣ ирсол шудааст. Ҷузъиёти он ифшо намешавад

Парвандаи латукӯби Мадина Маҳмадҷонова, ки ки сару садои зиёдеро дар ҷомеа ба бор овард, ба Додгоҳи олии Тоҷикистон ирсол шудааст. Дар ин бора Додситони кулли Тоҷикистон дар посухи катбӣ “Азия – Плюс” хабар дод. Ба гуфтаи ин ниҳод парванда 18-уми ноябри соли 2021 ба додгоҳ ирсол шудааст. Додситонӣ дар дар бораи парванда ҷузъиёти бештар надода, гуфтааст, […]

Парвандаи латукӯби Мадина Маҳмадҷонова, ки ки сару садои зиёдеро дар ҷомеа ба бор овард, ба Додгоҳи олии Тоҷикистон ирсол шудааст. Дар ин бора Додситони кулли Тоҷикистон дар посухи катбӣ “Азия – Плюс” хабар дод.

Ба гуфтаи ин ниҳод парванда 18-уми ноябри соли 2021 ба додгоҳ ирсол шудааст.

Додситонӣ дар дар бораи парванда ҷузъиёти бештар надода, гуфтааст, бархе ҷузъиёти он “бо сабаби сири тафтишоти мавриди ифшо қарор намегирад”.

– Парвандаи Мадина Маҳмадҷонова бо тасдиқи фикри айбдоркунӣ барои моҳиятан  баррасӣ намудан ба Додгоҳи Оли Ҷумҳурии Тоҷикистон ирсол карда шудааст,- омадааст дар посухи расмии Додситони кул.

Аз ин пештар муовини Додситони кулли  Тоҷикистон Мирзоамон Рофизода дар суҳбат бо “Азия – Плюс” гуфта буд, ки рӯзҳои наздик парвандаи латукӯби Мадина Маҳмадҷонова, ба додгоҳ ноҳиявии тобеи парванда (эҳтимолан Додгоҳи ноҳияи Сино) ирсол шавад.

Қазияи Мадина Маҳмадҷонова, ки беш аз ду моҳ боз дар кома аст, яке аз парвандаҳои пурсарусадо дар як соли охир ба шумор меравад, ки ба он раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва раиси Маҷлиси миллӣ ва шаҳрдори Душанбе Рустами Эмомалӣ таваҷҷуҳ намуданд.

Мадина Мамадҷонова 25 августи соли равон ғайб зада, баъди 14 соат бо ҷароҳатҳои вазнин ба бемористон интиқол ёфт. Пизишкон мегӯянд, эҳтимол ӯро нафасгир кардаанд ва аз нарасидани ҳаво мағзи сараш осеб дидааст.

Охири моҳи октбяр фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ ба унвони раиси шаҳри Душанбе, додситони кулл ва вазири корҳои дохилии Тоҷикистон муроҷиатнома навишта, хостори одилона тафтиш шудани парвандаи Мадина шуданд. Рустами Эмомалӣ «парвандаи Мадина»-ро таҳти назорати шахсӣ гирифта, бо дастури ӯ Додситони кул ва Вазорати умури дохила ба санҷиши дубораи ҳолати кор оғоз карданд.

Рӯзи 1 ноябри соли равон Додситонии кулли Тоҷикистон бо нашри иттилоияи расмӣ хабар дод, ки нисбати Азиза Давлатова ва шавҳараш Лутфулло Давлатов, ки ба латукӯби Мадина Мамаҷонова гумонбар дониста мешаванд, парвандаи ҷиноятӣ боз кард. Аввалӣ барои қасди одамкушӣ ва дуввумӣ барои азобу уқубат ба ҳабс гирифта шуданд.

Ҳамчунин, чанде пеш, Радиои “Озодӣ” аз қавли манбаъҳои худ хабар дод, ки дар робита ба парвандаи латукӯби Мадина Мамадҷонова ду масъули мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Тоҷикистон аз вазифаҳои худ барканор шуданд. Сабаби барканории харду мақомдор “тафтиши ноодилонаи парвандаи Мадина Мамадҷонова” гуфта мешавад.

Сардори ШВКД ноҳияи Сино Зафар Исмоилзода барои “парвандаро дуруст таҳқиқ накардан” ва муовини аввали додситонии ҳамин ноҳия Сӯҳроб Салимзода барои имзои қарори афви як гумонбар дар парвандаи Мадина Мамадҷоноваро аз кор гирифтанд.

Дар ҳоле ки мақомоти қудратии Тоҷикистон аз шарҳи расмии боз шудани парванда ё эҳтимоли боз шудани он нисбати мақомдороне, ки ба тақаллуби “парвандаи Мадина” гумонбар мешаванд, худдорӣ мекунад, ҳуқуқшиноси тоҷик мегӯянд, интизор меравад, онҳо бо се моддаи КҶ Тоҷикистон: моддаи 360 қисми 1 (ғайриқонунӣ озод кардан аз ҷавобгарии ҷиноятӣ), моддаи 314 қисми 1 (сӯиистифода аз ваколатҳои мансабӣ) ва моддаи 316 қисми 1 (баромадан аз ҳадди ваколатҳои мансабӣ) ба ҷавобгарӣ кашида шаванд. 

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар TelegramFacebookInstagramViberЯндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

 

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.