Шаҳрвандони Тоҷикистон барои ҳамла ба тоҷирони вилояти Маскав то 16 сол равонаи зиндон шуданд

Суди вилояти Маскав нисбат ба 8 нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар даст доштан ба як силсила ҳамлаҳо ба соҳибкорон дар шаҳру вилояти Маскав гумонбар дониста мешуданд, ҳукм содир намуд. Дар ин бора 30 ноябр ба “Вечерняя Москва” роҳбари хадамоти матбуоти прокуратураи вилояти Маскав Наталия Григорева хабар додааст. Ба гуфтаи вай, судшавандагон аъзои дастаи мусаллаҳи ҷиноятпеша […]

Суди вилояти Маскав нисбат ба 8 нафар шаҳрванди Тоҷикистон, ки дар даст доштан ба як силсила ҳамлаҳо ба соҳибкорон дар шаҳру вилояти Маскав гумонбар дониста мешуданд, ҳукм содир намуд. Дар ин бора 30 ноябр ба “Вечерняя Москва” роҳбари хадамоти матбуоти прокуратураи вилояти Маскав Наталия Григорева хабар додааст.

Ба гуфтаи вай, судшавандагон аъзои дастаи мусаллаҳи ҷиноятпеша будаанд, ки ба манзилҳои тоҷирон ҳамла мекардаанд.

“Дар ҳамла онҳо аз силоҳи оташфишон, газӣ ва ҷароҳатдеҳ (травматический) истифода бурда, дар сурати саркашӣ ба ҷабрдидагон таҳдид мекардаанд, ки ҷазои сахт медиҳанд. Онҳо пул ва дигар чизҳои киматбахоро медуздиданд. Зиёни умумӣ аз амали ҷинояткоронаи онҳо 11,5 млн рубл арзёбӣ мешавад”, – иброз доштааст Григорева.

Намояндаи прокуратураи вилояти Маскав зикр кардааст, ки гумонбаршудагон ҳанӯз соли 2014 боздошт шуда буданд.

“Вобаста ба сатҳи иштирок дар ҷиноятҳо нисбати гумонбаршудагон мутобиқи моддаҳои “Роҳзанӣ”, “Дуздии силоҳи оташфишон” ва “Иштирок дар гурӯҳи устувори мусаллаҳ ё ҳамлаҳои аз ҷониби он содиршуда” парвандаҳои ҷиноятӣ боз шуда буд”, – гуфтааст номбурда.

Наталия Григорева изҳор доштааст, ки бо назардошти мавқеи айбдоркунандаи давлатӣ, суд ба онҳо ҷазои аз 8 солу 6 моҳ то 16 соли зиндони низомаш сахт таъин намудааст.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед. 

Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.ДзенOK ва Google Новости бо мо бимонед.

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Оби зулол
Оби зулол
Tenisi

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Об, иқлим ва норасоии $130 млрд. Ҳафт натиҷаи асосии Ҳамоиши об дар Душанбе

Дар ҳамоиш механизмҳои нави ҳамкорӣ, сармоягузорӣ ва фанноварие баррасӣ шуд, ки ҳалли мушкилоти норасоии об бидуни онҳо ғайриимкон аст.

Хатсайри 8 ва 3  ба ҷойи иҷрои фармоиши сокинон. Далели пушти по задани қонун аз сӯйи кирокашҳои қонунӣ

Сокинон дар шабакаҳои иҷтимоӣ аз хадамоти кирокашҳои пойтахт зиёд шикоят мекунанд.

Дар пайи гаронӣ ва камчинии семент, дар Тоҷикистон 4 корхонаи нави истеҳсоли семент месозанд

Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури Тоҷикистон барои таъмин кардани талаботи бозори...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 3

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

“Андоз аз Google” ба буҷети Тоҷикистон чӣ қадар даромад овард?

Аз қабули қонун 5 сол пур мешавад, лекин Кумитаи андоз танҳо доир ба 2 соли ахир маълумот дод.

Тоҷикистон барои рушди соҳаи чорводорӣ ҳудуди $20 млн грант мегирад

Яке аз ҳадафҳои лоиҳа, дастрасии деҳқонон ба бозорҳои маҳаллӣ ва минтақавӣ мебошад.

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 майи соли 2026

Аз зодрӯзи Қадриддин Аслонову Бахтиёр Худойназаров ва Ҷонибек Муродов то даргузашти Асад Гулзодаи Бухороӣ.