Бар пайи сӯхтори “Яккасарой” то кунун парванда боз нашудааст. АКС

Мазҳаб Ҷумъа, Абдулло Ғурбатӣ

Ҳаҷми зарари расида ва сабабҳои сӯхтори тарабхонаи маъруфи “Яккасарой”-и Душанбе то кунун маълум нашудааст. Хадамоти оташнишонии ВКД мегӯяд, то кунун дар ин замина парвандае ҳам боз нашудааст. 

Ин тарабхона, ки дар канори дарёи Душанбе, дар кӯчаи Саъдӣ Шерозӣ 22/2, дар наздикии бинои "Шарқи Озод" воқеъ аст, аз тарабхонаҳои маъруфи Душанбе буда, маросимҳои зиёди тӯйу арӯсиҳои дар он баргузор мешуд.

Як манбаъ аз дафтари матбуоти Хадамоти сӯхторнишонӣ ба "Азия-Плюс" гуфт, ки ҳоло танҳо худи сӯхтор ба қайд гирифта шуда,  масъулини Комисияи санҷишӣ барои муайян кардани сабаби сӯхтор ва ҳаҷми зарари расида дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.

Ӯ гуфт, ҳоло ҳаҷми зарари расиида ва сабаби сухтор маълум нест ва онро танҳо комисияи санҷишӣ муайян мекунад.

Манбаъ дар бораи эҳтимоли аз тариқи расиши кӯтоҳи ноқил ё барқасдона оташ задани тарабхона чизе нагуфт ва танҳо ишора кард, ки хулосаи комисия дар сомонаи расмии ВКД Тоҷикистон ба наздикӣ нашр мешавад ва баъд расонаҳо метавонанд аз он истифода кунанд.

Ёдовар мешавем, ки зуҳри  имрӯз, дар тарабхонаи "Яккасарой"-и Душанбе воқеъ дар хиёбони Саъдӣ Шерозӣ 22/2, дар канори дарёи Душанбе сӯхтор рух дод. Ҳамин тариқ, қисмати чапи тарабхона пурра ба коми оташ рафт.

Шоҳидон ва роҳгузарон кӯшиш намуданд, мебелҳои толори “Истиқбол”, ки он низ дар ҳамин бино ҷойгир аст, аз бино берун бароранд ва аз сӯхтор наҷот диҳанд. Ҳамин тариқ оташ қариб ба ҳамаи бино паҳн шуд.

Мақомот монеи наворбардории журналистон шуданд ва чанде аз шоҳидон ва тамошобинонро пароканда намуда, чандеро дастгир карда бо худ бурданд. Сабаби амали онҳо то ба ҳол маълум нест.

Бо гузашти чанд даиқа аз сӯхтор мошинҳои сӯхторнишонии зиёде дар ба ҷойи ҳодиса омадаанд ва танҳо бо гузашти беш аз як соат ба онҳо имкон даст дод ки алангаи оташро хомуш кунанд.

Тарабхонаи “Яккасарой” яке аз гаронтарин тарабхонаҳо дар кишвар ба шумор мерафт, ки чанд сол  дар озмуни махсуси шаҳрдории Душанбе ҷои аввалро гирифта буд. Ин дуввум тарабхона зери номи “Яккасарой” дар кишвар аст. Дигараш дар Хуҷанд фаъол аст.

“Яккасарой” аз ду толор: ВИП ва Люкс  иборат аст, ки тақрибан қариби 200 меҳмонро пазируфта метавонад.

Дар ин бино, ҳамчунин толори мебели “Истикбол”  ва тарабхонаи “Истикбол” ҷойгир аст, ки моҳи октябри соли гузашта кушода шуда, бренди туркист.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

 

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.