Коҳиши назарраси захираҳои тиллои Тоҷикистон тайи ду соли ахир

Пайрав Чоршанбиев, Asia-Plus

Ҳаҷми умумии захираҳои пулии давлатии тиллои Тоҷикистон аз 22,3 тоннаи соли 2019 дар охири соли 2021 то ба 8 тонна коҳиш ёфт, хабар медиҳад портали соҳавии Goldomania.ru бо такя ба маълумоти Шӯрои ҷаҳонии тилло (World Gold Council).

Захираҳои тилло дар Тоҷикистон дар ихтиёри Вазорати молия ва Бонки миллии ҷумҳурӣ қарор доранд.

Дар ҳоли коҳиши захираҳои тиллои Тоҷикистон, захираҳои тиллои ҳамаи дигар кишварҳои ҳамсоя дар минтақа афзудаанд: Қирғизистон ба миқдори 6 тонна, Ӯзбекистон – 4,6 тонна ва Қазоқистон – 40,3 тонна.

Захираҳои пулии тиллои Русия, ки миёни панҷ кишвари аввали дорои захираҳои бештари тилло дар ҷаҳон қарор дорад, тайи ду соли ахир ба андозаи 185,6 тонна зиёд шудааст.

Захираҳои Қирғизистон то охири соли гузашта 16,8 тонна, Ӯзбекистон – 340,5 тонна ва Қазоқистон – 390,7 тоннаро ташкил дода буд.

Аз лиҳози ҳаҷми захираи тилло дар ҷаҳон ИМА (8133,5 ҳазор тонна) пешсаф буда, дар панҷгонаи авввал Олмон, Италия, Фаронса ва Русия қарор доранд.

Фурӯши бесобиқа

Дар солҳои пандемия Тоҷикистон фурӯши фулузот (металл)-ҳои қиматбаҳоро ба таври назаррас зиёд кард, ки ҳудуди нисф аз содироти кишварро ташкил дод.

Ба ин тариқ, мувофиқи маълумоти омори расмӣ, соли 2020 Тоҷикистон ба маблағи наздики 690 млн доллар – зиёда аз нисфи содироти ҷумҳурӣ дар ин сол – фулузоти қиматбаҳо ба хориҷи кишвар содир кард.

Дар зарфи 11 моҳи соли 2021 ин нишондиҳанда қариб то 710 млн доллар афзуда, ҳудуди 40% аз содироти кишварро дар ин давра ташкил дод.

Фурӯши фулузоти қиматбаҳо дар баробари таъмини воридоти молу маҳсулоти зарурӣ ба кишвар бо асъор метавонад ба “босуръат болоравӣ”-и нархи тилло тайи ду соли охир вобаста бошад.

Нархи баландтарини тилло дар давоми ду асри охир (аз соли 1830 то ин дам) 7 январи соли 2020 – дар сатҳи 2.067,15 доллар (барои як унсияи секарата) сабт шуд. Имрӯз, 11 январ як унсия дар биржаи Лондон 1.806 доллар нарх дорад.

Истихроҷи рекордӣ

Истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон давоми солҳои 2014-2019 тибқи маълумоти Вазорати саноат, ҳамасола бо суръатҳои рекордӣ – беш аз 4 баробар зиёд мешуд: аз 2 тонна то ба 8,1 тонна. Дар бораи солҳои 2020-2021 маълумот дастрас нест.

Корхонаи асосии истихроҷ ва истеҳсоли тилло дар Тоҷикистон корхонаи муштараки Тоҷикистону Чин – «Зарафшон» ба шумор меравад, ки аз ҳаҷми умумии истеҳсоли ин металли гаронбаҳо наздики 70%-и ҳиссааш ба он рост меояд.

Ба сурати умум дар Тоҷикистон зиёда аз 10 корхона ба истеҳсоли металлҳои қиматбаҳо, аз ҷумла истихроҷи тилло машғуланд, ки бузургтарини онҳо дар баробари КМ «Зарафшон», КМ «Апрелевка», корхонаи давлатии «Тиллои тоҷик», корхонаи заршӯйӣ (артел)-и «Одина», инчунин ширкатҳои ТВЕА ва «Пакрут»-и Чин мебошанд.

Ғайр аз ин, соли 2019 мақомот ба шахсони воқеӣ низ иҷоза доданд, ки мустақилона ба истихроҷи тилло машғул шаванд.

Агар ҳаҷми начандон зиёдеро, ки онро корхона ва коргоҳҳои заргарӣ харидорӣ мекунанд, ба назар нагирем, дигар ҳамаи тиллои истеҳсолшуда дар ҷумҳурӣ ба Вазорати молия ва Бонки миллии Тоҷикистон фурӯхта мешавад.

Бино ба маълумоти Вазорати саноат, Тоҷикистон захираҳои бойи тилло дорад. Дар ҷумҳурӣ 137 кон бо захираҳои ҳисобшудаи тиллои саноатӣ ва 127 кон бо захираҳои тиллои ғайрисаноатӣ мавҷуданд.

Ҳанӯз соли 2015 роҳбарияти Саридораи геологияи назди ҳукумати Тоҷикистон изҳор дошта буд, ки ҳаҷми захираи тасдиқшудаи тилло дар конҳои ҷумҳурӣ ҳудуди 500 тоннаро ташкил медиҳад.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводҳои монанд

spot_imgspot_img

Пурхонанда

Ба мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ пайвандед!

Реклама на asia +spot_imgspot_img

Ахбори тоза

Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст

Додгоҳи ноҳияи Бобоҷон Ғафуров роҳбари ҶДММ “Сихкабоби Амирӣ”-ро барои...

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Асари “Таърихи инқилоби Бухоро”-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55

Лоиҳаи “Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов ба хондани асари "Таърихи...

Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад

Доналд Трамп, раисҷумҳури Амрико дар суҳбат бо рӯзномаи бритониёии...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026

ЧОРАБИНИҲОИ МУҲИМ - Сафари Эмомалӣ Раҳмон, раисҷумҳури кишвар ба шаҳру...

Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?

Номи Муҳаммадбоқир Қолибоф, раиси Маҷлиси Эрон ва фармондеҳи пешини...

Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026

Аз таъсиси Иттифоқи меъморони Тоҷикистон то ихтирои "Кока-кола".

Ҳусиҳои Яман бо партоби мушак ба Исроил расман вориди ҷанг бо ин кишвар шудаанд

Ин нахустин мушакии Ҳусиҳо ба Исроил аз замони оғози ҷанг алайҳи Эрон аст.