“Аппендицит”-и мусофири тоҷик ҳавопаймои S7–ро маҷбур кард дар Урганҷ нишасти изтирорӣ кунад

Ба далели бад шудани вазъи саломатии як шаҳрванди Тоҷикистон ҳавопаймои ширкати русии S7 (Сибир), ки дар масири Маскав-Қаршӣ парвоз мекард, дар фурудгоҳи Урганҷи Ӯзбекистон нишасти изтирорӣ кардааст. Дар ин бора расонаҳои ӯзбекӣ такя ба маълумоти Uzbekistan Airports, ки дар саҳифаи телеграми он нашр шудааст, хабар медиҳанд. Манбаъ гуфтааст, шаҳрванди Тоҷикистон бо иллати бемории кӯрруда (аппендицит) шубҳа дошт […]

Ба далели бад шудани вазъи саломатии як шаҳрванди Тоҷикистон ҳавопаймои ширкати русии S7 (Сибир), ки дар масири Маскав-Қаршӣ парвоз мекард, дар фурудгоҳи Урганҷи Ӯзбекистон нишасти изтирорӣ кардааст.

Дар ин бора расонаҳои ӯзбекӣ такя ба маълумоти Uzbekistan Airports, ки дар саҳифаи телеграми он нашр шудааст, хабар медиҳанд.

Манбаъ гуфтааст, шаҳрванди Тоҷикистон бо иллати бемории кӯрруда (аппендицит) шубҳа дошт ва ҳавопаймои ширкати русии S7 (Сибир), ки дар хатсайри Маскав-Қаршӣ парвоз мекард фавран дар фурудгоҳи Урганҷ соати 01:42 шаби 11-уми январ нишаст изтирорӣ анҷом додааст. Аз ин шаҳрванди Тоҷикистон як мард ном бурда мешавад, ки дар фазо ниёз ба ёрии таъҷилии тиббӣ пайдо кардааст. Аз ин рӯ бар пайи тасмими ҳайати сарнишинон ҳавопаймо дар наздиктарин фурудгоҳ нишати изтирорӣ анҷом додааст.

Пас аз фуруд омадан дар фурудгоҳ мусофирро мошини ёрии таъҷилӣ гирифта, барои кумак дар муассисаи тиббии шаҳри Урганч бистарӣ карданд.

Ҳавопаймои S7 Airlines соати 02:31 ба вақти маҳаллӣ ба самти Қаршӣ парвоз кардааст.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.

Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути ViberTelegramWhatsappImo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.

 

Ба саҳифаҳои мо дар шабакаҳои иҷтимоӣ обуна шавед!

Мавод ба ин забонҳо дастрас аст:

Маводи монанд

Tenisi
Оби зулол
Оби зулол

Пурхонанда

Коммерсбонк Точикистон

Ахбори тоза

Омӯзгоре, ки аз латукӯби бародари як шогирдаш шикоят дошт, мегӯяд, нисбати худаш парванда боз шудааст

Пештар гуфта мешуд, ки Додситонии ноҳияи Нуробод шикояти омӯзгорро баррасӣ дорад.

Трамп баъди фишори Эрон Натаняҳуро водор ба оташбас кард ва гуфт, ки эҳтимол ҳафтаи оянда Вашингтону Теҳрон ба созиш расанд

Бо вуҷуди эълони оташбас аз сӯйи раисҷумҳури Амрико, даргирӣ миёни Исроил ва “Ҳизбуллоҳ” идома ёфт.

“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Романи “Куруши Кабир: Шоҳаншоҳи тамаддуновар”-и Бароти Абдураҳмон |Қисми 5

Cабти китобҳои савтиро аз саҳифаи “Телеграм”-и бахши тоҷикии хабаргузорӣ метавонед гӯш кунед.

Дар Тоҷикистон Шӯрои рушди иқтисоди рақамӣ дар назди раисҷумҳур таъсис ёфтааст

Он мақоми машваратии нав буда, роҳбарии онро Эмомалӣ Раҳмон ба уҳда дорад.

Хадамоти зиддиинҳисорӣ: Нархи семент дар Тоҷикистон ба эътидол меояд

Дар ин ниҳод гуфтанд, вазъият дар бозор пас аз супориши раисҷумҳур "муътадил шуд".